БОЙГОНӢ

«    Феврал 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
2425262728 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Дар ноҳияи Шоҳмансур 550 зан бо ҷойи кор таъмин гардиданд

Хабарҳо / Слайдер

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо мақсади баланд бардоштани худогоҳии бонувон, нақши онҳо дар таҳкими оила, пешгирии шиддати пошхӯрии оилаҳо, тамоюли афзоиши бегонапарастӣ дар байни бонувон, мусоидат ба таҳсил ва ҷойи кор дар ҳамкорӣ бо сохторҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ  соли 2024 як қатор корҳои назаррасро анҷом додааст. Аз он ҷумла, дар ин давра 550 нафар занон бо ҷойи кор таъмин гардида, 1200 нафари дигар курсҳои касбомӯзиро аз рӯи ихтисосҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ, адрасбофӣ, қолинбофӣ, попурдӯзӣ ва курсҳои кутоҳмуддати ҳунарҳои мардумӣ хатм намудаанд. Дар ин бора раиси МИҲД-и ноҳия Сафар Олимзода зимни нишасти матбуотӣ, ки рӯзи 6-уми феврали соли 2025 доир гардид, баён намуд.

Гуфта шуд, ки дар ноҳияи Шоҳмансур аз шумораи умумии аҳолӣ 108977 ҳазор нафарро бонувон ташкил медиҳанд. Дар ин давра бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии кор бо занон ва оила дар умум 100 чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла вохӯриву мулоқот, семинару курсҳои омӯзишӣ, конференсия, фестивал, маҳфилҳои фарҳангӣ, аксияи “Тоҷикона мепӯшем”, барномаҳои телевизионӣ ва як қатор корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пӯшидани сару либос бо иштироки зиёда аз 5676 ҳазор нафар бонувон баргузор карда шуд. 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_01_2025_small.pdf [3.91 Mb] (зеркашиҳо: 72)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон