БОЙГОНӢ

«    Феврал 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
2425262728 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Вазорати саноат: Дар ҷумҷурӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзудааст

Хабарҳо / Слайдер

Дар нишасти матбуотие, ки бо иштироки  доираи васеъи кормандони  васоити ахбори оммаи кишвар ва намояндагони  Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, гуфта шуд, ки дар соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ  ба 53,8 млрд сомонӣ расид, ки бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба соли 2023  20,0 фоиз ё ба маблағи 7,5 млрд сомонӣ зиёд мебошад. 

Дар рафти нишаст иброз гардид, ки соли  2025 дар ҷумҳурӣ 3774 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли пешина ба миқдори 330 корхона зиёд мебошад.

        Соли 2024 54 корхона, аз ҷумла  дар соҳаҳои саноати хӯрокворӣ-15 корхона, саноати масолеҳи сохтмон - 5 корхона, саноати сабук ва пилла - 12 корхона, мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия - 21 корхона, саноати маъданҳои кӯҳӣ - 1 корхона ба истифода дода шудааст. 

 Ҳамчунин дар соли пешин барои истеҳсоли маҳсулоти нав, таъсиси истеҳсолоти нав, воридоти таҷҳизоти технологӣ ва васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ тибқи маълумотҳои оморӣ дар соҳаҳои саноат 9 млрд 491,9 млн сомонӣ маблағҳои дохилии корхонаҳо ва сармоягузорони хориҷӣ равона гардиданд, ки нисбат ба соли 2023 ба маблағи 1 млрд 621 млн сомонӣ зиёд мебошад.   

 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_01_2025_small.pdf [3.91 Mb] (зеркашиҳо: 72)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон