Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Такмили ихтисос ва бозомӯзиҳои технологияи ҷадид - тақозои замон
Хабарҳо / СлайдерТашкили курсҳои такмили ихтисос барои омӯзгорон яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва омодагии устодон дар самти тарбия ва омодасозии кадрҳои лаёқатманд дар муассисаҳои олии таълимӣ арзёбӣ гардида, танҳо дар нимсолаи дуввуми соли 2023 дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи омӯзгории Алтайи Федератсияи Россия, Донишгоҳи Осиё дар шаҳри Душанбе ва Ассосиатсияи омӯзгорони забони англисӣ “Бесарҳад” 82 нафар омӯзгорони ихтисоси забон ва адабиёти рус, забони англисӣ ва омӯзгороне, ки дар гурӯҳи таълимашон бо забони русӣ дарс мегӯянд, аз курсҳои такмили ихтисос гузаштаанд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Қурбонзода Маҳмадалӣ, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав иттилоъ дод.
Бинобар гуфтаи манбаъ ҳамзамон дар соли гузашта бо мақсади бозомӯзиву сайқал бахшидани донишу таҷрибаи устодони Донишгоҳ дар доираи шартномаҳои ҳамкорӣ ва барномаҳо бо истифода аз технологияҳои навини иттилоотӣ бо иштироки омӯзгорони ДДБ ба номи Носири Хусрав ва донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои гуногуни олам 77 семинару конференсияҳои байналмилалӣ, мизҳои мудаввар ва маърӯзахониҳои илмӣ гузаронида шудааст.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ бо ташаббуси раёсати Донишгоҳ ва сафорати Корея дар соли 2024 аз Донишгоҳи Йонгиами Кореяи Ҷанубӣ намояндагон ташриф оварда, дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Маркази омӯзиши забони кореягиро ифтитоҳ намуданд. Ин иқдом дар самти забономӯзии донишҷӯёни беҳтарин имкониятҳоро фароҳам овардааст. Лозим ба ёдоварист, ки дар самти такмили ихтисоси омӯзгорон Донишгоҳ бо Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо низ ҳамкориҳоро густариш дода истодааст.
Ҳамчунин, дар заминаи ДДБ ба номи Носири Хусрав “Маркази таълимӣ, тарроҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” таъсис дода шудааст. Дар ин марказ ба ҷавонон бахусус донишҷӯдухтарон ҳунарҳои дӯзандагӣ, бофандагӣ, зардӯзӣ, коркарди матоъ, кандакорӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ омӯзонида мешавад.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
Далер ШАРИФОВ
Мубодила:
Шарҳҳо
![](/images/watertj.jpg)