Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
АМИТ: 13 санади ҳамкориҳои байналмилалӣ ба имзо расид
Хабарҳо / СлайдерДар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соли 2024 13 санади ҳамкориҳои байналмилалӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Академияи миллии илмҳои Озарбойҷон, Пажӯҳишгоҳи аврупоии муколамаи Авруосиё (Итилия), Академияи илмҳои кишоварзии Синзяни Ҷумҳурии халқии Хитой, Донишгоҳи милли Қазоқистон, Иститути омӯзиши дунёи қадими донишгоҳи Ню-Йорки ИМА ва чанде дигар ба имзо расонда шуд. Дар ин бора президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод, ки рӯзи 6-уми феврали соли равон дар АМИТ доир гардид, иброз дошт.
Иттилоъ дода шуд, ки тавассути раёсати робитаҳои байналмилалии АМИТ 224 нафар кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба сафари хизматӣ барои коромӯзӣ, иштирок дар конференсияҳои илмӣ, симпозиумҳо, семинарҳо, форумҳо, хондани лексияҳо ва ҳамчунин гузаронидани таҳқиқоти муштараки илмӣ ба сафарҳои хизматӣ ба давлатҳои хориҷӣ фиристода шудаанд.
Мубодила:
Шарҳҳо
![](/images/watertj.jpg)