Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
244 шунаванда забонҳои англисӣ ва русӣ меомӯзанд
Хабарҳо / СлайдерИмрӯз дар нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Жило Гулназарзода гуфт, ки:
Дар лингвопарки (парки технологӣ)донишгоҳ курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ роҳандозӣ шудааст, ки дар он 150 нафар, аз ҷумла дар гурӯҳҳои забони англисӣ 66 нафар, забони хитоӣ 21 нафар, забони тоҷикӣ 11 нафар, забони арабӣ 47 нафар, ҳамчунин дар курсҳои компутерӣ 5 нафар ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Алҳол, дар маркази забони куриёӣ Шоҳ Сеҷонг 204 нафар забони куриёӣ меомӯзанд.
Мавсуф қайд кард, ки лингвопарк бо як қатор муассисаҳову мақомоти давлатӣ барои омӯзиши забонҳои англисӣ ва рӯсӣ шартномаҳо ба имзо расонидааст, ки дар маҷмуъ 244 шунавандагон ба омӯзиши забонҳои англисию русӣ ҷалб гардиданд, ки аз ин теъдод 74 нафарашон курси омӯзиширо хатм намуданд.
Мубодила:
Шарҳҳо
![](/images/watertj.jpg)