Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Донишкадаи санъат: аз рӯи 32 ихтисос 537 нафар донишҷӯ шуданд
Хабарҳо / СлайдерИмсол дар донишкада аз рӯи 32 ихтисос довталабон дар бахши рӯзона, фосилавӣ ва ғоибона қабул шуданд. Дар натиҷа тибқи тақсимоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се давра 537 нафар қабул карда шуд, қайд гардид зимни нишасти матбуотии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода.
Ҳамчунин дар донишкада вобаста ба талабот ва ниёзҳои ҷомеа 7 ихтисоси нав: таърих ва назарияи фарҳанг, таъриху фарҳангшиносӣ, забон ва адабиёти тоҷик-китобхонашиносӣ, забон ва адабиёти тоҷик-рӯзноманигорӣ, кори осорхона ва ҳифзи ёдгории таърихию фарҳангӣ, санъати актёрии мусиқӣ-мазҳакавӣ таъсис дода шуд.
Донишкада бо 59 донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои хориҷи дуру наздик созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар доираи онҳо ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ ва эҷодиро ба роҳ мондааст.
Феълан дар донишкада 60 нафар донишҷӯён аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳсил менамоянд.
11 нафар донишҷӯи донишкада дар Донишкадаи давлатии фарҳанги Олтой ва 5 нафар дад ДДУК ба номи С. Герасимов (ВГУК)-и шаҳри Москва таҳсилро идома медиҳанд.
Мубодила:
Шарҳҳо
