БОЙГОНӢ

«    Феврал 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
2425262728 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ширкатҳои нави савдою сармоягузорӣ таъсис ёфтанд

Хабарҳо

Санаи 7-уми феврали соли 2025 дар Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти хабарӣ доир гардид. Масъулин дар хусуси буруд бохти соҳа маълумот пешниҳод намуда иброз доштанд, ки  дар доираи вохӯриҳо бо мақсади роҳ ёфтан ба бозорҳои Ҷум ҳурии Мардумии Чин тавассути механизми мусоидати шарикони рушд мулоқоту гуфтушунидҳо бо ҷонибҳои дахлдор баргузор гардидааст.

Дар натиҷа Бонки Умумиҷаҳонӣ омодагии худро барои ҳамкорӣ ҷиҳати таҳия ва амалисозии нақшаҳои оянда баҳри рушди содироти меваҳои тару тоза, аз ҷумла лимӯ, гелос ва ангур ба Ҷумҳурии Мардумии Чин бо истифода аз имкониятҳои тиҷорати электронӣ иброз доштааст. 

 Дар натиҷаи ба тафоҳум расидани Агентии содирот бо шарикони хориҷӣ ва бахши хусусӣ, моҳи августи соли ҷорӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Қазоқистон Ширкати савдою сармоягузории “Қаз Трейд Тоҷикистон” ва  корхонаи муштараки Тоҷикистону Озарбойҷон “Тоҷ Азер Трейд” таъсис дода шудаанд.

 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_01_2025_small.pdf [3.91 Mb] (зеркашиҳо: 72)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон