БОЙГОНӢ

«    Феврал 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
2425262728 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Марҳилаи нави рушди соҳаи анорпарварӣ дар ноҳияи Дӯстӣ

Хабарҳо / Слайдер

Соҳаи анорпарварӣ дар ноҳияи Дӯстӣ аз нав ривоҷ ёфта, айни замон масоҳати умумии боғҳои анор дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия зиёда аз 1000 гектарро ташкил медиҳад. Нишонзода Даврон, раиси ноҳияи Дӯстӣ зимни нишасти матбуотӣ бо намояндагони ВАО иброз дошт, ки  баъди аз асари сардиҳои зимистони соли 2021-2022 хушк гардидани боғҳои анор, хоҷагидорон ба хотири аз нав барқарор намудани боғҳои ин меваи серхаридор саъю кӯшиш карда, алаккай дар соли дувум нахустин ҳосили боғҳои навбунёдро ҷамъоварӣ намуданд. Аммо ин боғњои анор дар ду соли аввал ҳосили камтар медиҳанд ва умедворанд, ки боғпарварони ноҳия шуруъ аз соли 2026 ҳосили фаровони анорро ба бозорҳои дохилу хориҷ ба фурӯш хоҳанд баровард.

Зикр гардид, ки дар баробари рушди самти парваришу афзоиши ҳаҷми истеҳсоли меваи анор, ҳамзамон, бо дастури Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон барои соҳибкорони хурд ва хоҷагиҳое,ки ҳосили боғҳои меваро дар шафати шоҳроҳ ба фурўш гузоштаанд, шароитҳои беҳтару хубтар фароҳам оваранд, яъне дар  соли 2025 ҷиҳати бунёди  дукону фурӯшгоҳҳои сарироҳӣ ба анорпарварон кумак расонанд.

Ҳамчунин, раиси ноҳияи Дӯстӣ изҳор дошт, ки бо мақсади бунёди корхонаҳои коркарди мева суҳбату вохӯриҳо бо соҳибкорони ватанӣ идома дорад. Айни замон як тан зодаи ин ноҳия, ки дар хориҷи кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул аст, барои бунёди корхонаи истеҳсоли шарбати анор ва коркарди пӯсти меваи он ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия муроҷиат намудааст.

- Вобаста ба бунёди корхонаҳои хурди коркади меваю маҳсулоти маҳалии кишоварзӣ ташаббусҳои соҳибкорон  тариқи пешниҳоди лоиҳаҳои таъсиси коргоҳу корхонаҳо, мавриди омӯзиш қарор дода мешавад. Умедворем, ки дар доираи нақша-чорабиниҳои ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои бунёдгузории корхонаҳои саноатӣ муваффақ мегардем, - мегӯяд раиси ноҳияи Дӯстӣ Даврон Нишонзода.

 Ҷамолиддин САЙФИДДИН,

Далер ШАРИФОВ,

 ноҳияи Дӯстӣ

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_01_2025_small.pdf [3.91 Mb] (зеркашиҳо: 72)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон