БОЙГОНӢ

«    Феврал 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
2425262728 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

120 лоиҳа барои дарёфти Грантҳои президентӣ дастгирӣ ёфт

Хабарҳо / Слайдер

Бо мақсади баланд бардоштани вазъи иқтисодии оилаҳо ва истифодаи маблағҳои буҷети оила Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи амалишавии Қарори Ҳукумати мамлакат «Дар бораи Грантҳои президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021 – 2025» аз 393 лоиҳаҳои воридгардида 120 лоиҳаи мақсаднокро ба маблағи 5 миллион сомонӣ дар соли 2024 дастгирӣ намудааст. Дар ин бора раиси Кумитаи мазкур Бунафша Файзиддинзода рӯзи 10-уми феврали соли равон зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иттилоъ дод.

Қайд гардид, ки то соли 2023 маблағи Грантҳои президентӣ 2 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медод ва соли 2024 он ба 5 миллион сомонӣ расонда шуд. Шумораи бонувони соҳибкор сол то сол афзуда, дар ин росто, шумораи лоиҳаҳо ва маблағҳои ба ин мақсад равонашуда низ меафзояд.

Ҳадаф аз зиёд намудани маблағи Грантҳои президентӣ бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон ва беҳтар намудани вазъи иқтисодии оилаҳо арзёбӣ гардид.    

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_01_2025_small.pdf [3.91 Mb] (зеркашиҳо: 72)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон