Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
4426 ҳолати ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ ба қайд гирифта шудааст
Хабарҳо / СлайдерДар нишасти матбуотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 12-уми феврали соли ҷорӣ доир шуд, қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ гардиши тиҷорати хориҷӣ ба 8900,9 млн доллар баробар шуд, ки нисбат ба соли 2023 ба қадри 572,2 млн доллар зиёд мебошад.
Дар ин давра воридоти мол 6977,5 млн долларо ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, ба маблағи 1083,6 млн доллар ё 18,4% зиёд будааст. Содирот низ ба андозаи 1923,4 млн доллар баробар шуда, нисбат ба соли гузашта ба андозаи 510,9 млн доллар ё 21,0% коҳиш ёфтааст.
Дар содироти молҳои ватанӣ вазни қиёсии асосиро маъданҳо ва консентратҳо ба маблағи 466,7 млн. доллар, алюминии коркардашуда 183,6 млн. доллар, нахи пахта 170,1 млн. доллар, қувваи барқ 89,9 млн доллар, маҳсулоти меваю сабзавот 50,3 млн. доллар, ресмони пахтагӣ 170,1 млн доллар, семент 26,4 млн доллар, пӯст 5,3 млн. доллар ва маҳсулоти консервагии меваю сабзавот 2,2 млн. долларо ташкил додааст.
Зикр гардид, ки дар соли 2024-4426 ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ба қайд гирифта шудаст, ки дар муқоиса бо соли гузашта, 1091 ҳолат зиёд будааст.
Мубодила:
Шарҳҳо
