Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Давлаталӣ Саид: Баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардум талош дорем
Хабарҳо / СлайдерБаъди сафари ҳайати кории раиси вилояти Хатлон ва раисони баъзе аз шаҳру ноҳияҳо ба шаҳрҳои Москва ва Екатеринбурги Федератсияи Россия ва мулоқоту суҳбатҳои судманд бо соҳибкорони тоҷик, ки дар хориҷи кишвар кору фаъолият доранд, дар вилояти Хатлон раванди ташаббусҳои созандагӣ вусъат пайдо намудааст. Дар соли 2024 бо иқдоми соҳибкорони муқими Федератсияи Россия дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон корхонаҳои саноатӣ бунёд гардида, сохтмони тарҳҳои гуногун идома дорад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон иттилоъ дод.
Соҳибкороне, ки баъди суҳбату вохӯриҳои мо, ҷиҳати таъсиси коргоҳу корхонаҳои саноатӣ иқдом гирифтанд, дар корҳои ободонии зодгоҳашон: таъмиру мумфаршсозии роҳҳои маҳаллӣ, бунёди мактабу синфхонаҳои иловагӣ саҳми арзанда доранд. Соҳибкорон аз ноҳияҳои Фархор, Қубодиён, Дӯстӣ дар амалисозии ин амри нек саҳми бештар доранд, - зикр намуд раиси вилояти Хатлон.
Қайд гардид, ки дар соли 2024 барои ташкилоту муассисаҳои буҷетии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он 3,8 миллиард сомонӣ ҷудо гардидааст, ки беш аз 90 дарсади ин маблағҳо ба соҳаи иҷтимоиёт: маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш нигаронда шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ дар вилояти Хатлон 51 лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда, маблағи азхудшуда ба 1,1 миллиард доллари амрикоӣ баробар аст. Ҳамзамон, дар ин давра 7,2 миллион доллар сармояи хориҷӣ ворид шудааст, ки 4,3 миллион доллари онро сармояи мустақим ташкил медиҳад.
Соли сипаригардида дар қаламрави вилоят 71 ҳазору 250 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст. Дар доираи ташкилу баргузории 330 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ 4809 соҳиби ҷойи кор гардида, дар умум 6092 нафар сокинон бо шуғл фаро гирифта шудаанд. Музди миёнаи меҳант дар вилояти Хатлон ба 1801,26 сомонӣ баробар ва ин иншондод нисбат ба соли 2023 17,7 дарсад афзоиш ёфтааст, - қайд кард, Давлаталӣ Саид.
Ҷамолиддин Сайфиддин,
Далер Шарифов
вилояти Хатлон
Мубодила:
Шарҳҳо
