Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Абдуғаффор Ҳикматуллозода: Пешрафтҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ зиёданд
Хабарҳо / СлайдерИмрӯз, санаи 14-уми феврали соли 2025 дар бинои МИҲД- и ноҳияи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ доир гардид.
Зимни он Абдуғаффор Ҳикматуллозода - раиси ноҳия қайд кард, ки то ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 100 мактабу кӯдакистон, марказҳои инкишофи кӯдак ва синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода дода мешаванд.
Дар ноҳия дар соли 2024 - 4 мактаби замонавӣ сохта ба истифода дода шудааст.
То моҳи сентябри соли ҷорӣ 20 нафар омӯзгорони деҳаҳои дурдаст бо хонаҳои хизматӣ таъмин мегарданд, - зикр намуд раиси ноҳия.
Соҳибкорон ва шахсони саховатманд дар корҳои сохтмону ободонии ноҳия дар соли гузашта ба маблағи 30 миллион сомонӣ саҳм гузоштаанд.
Дар соли 2025 яке аз мактабҳои калонкалонтарин дар ҷамоати деҳоти Роҳатӣ, МТУ рақами 41 мавриди таъмири капиталӣ қарор гирифтааст.
Гулноза Бобомуродова,
"Бонувони Тоҷикистон"
Мубодила:
Шарҳҳо
