Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Хатмкардагони филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе бо ҷойи кор таъмин мегарданд
Хабарҳо / СлайдерДар соли 2024 аз 113 хатмкардагони Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе 89 нафари онҳо бо ҷойи кор таъмин гардида, 13 нафар ба магистратура дохил шуданд. Аз ин миён 13 нафар донишҷўён Филиалро бо дипломи аъло хатм кардаанд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори иҷроияи Филиали мазкур Рустам Ғанизода иттилоъ дод.
Ба андешаи Рустам Ғанизода фаъолият ҷиҳати бо кор таъмин намудан ва роҳнамоии касбии хатмкунандагон дар Филиал ба зиммаи шуъбаи таъмини методии раванди таълим ва назорати сифати таҳсилот, инчунин мудирони кафедраҳо вогузор карда шудааст.
Дар ин росто, ҳамчунин қайд гардид, ки аз 434 нафар донишљӯёни Филиали ДДМ ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе 204 нафарашон духтарон буда, ҳудуди 60 % омӯзгоронро бонувон ташкил медиҳанд. Дар умум аз 1172 хатмкардагони Филиал 141 нафар дипломи аъло гирифтаанд, ки аз ин миён 90 нафарашон духтарон мебошанд.
Мубодила:
Шарҳҳо
