Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ба 10 ҳазору 968 муроҷиати шаҳрвандон ҷавоб дода шуд
Хабарҳо / СлайдерСоли 2024 ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 968 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардида, ба ҳамаи он дар муҳлати муқарраршуда ҷавобҳои дахлдор дода шуд. Дар ин хусус, имрӯз Музаффар Ашӯриён, Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ҳамчунин, мавсуф гуфт, ки 80 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тавассути Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 608 муроҷиати хаттии шахсони воқеӣ, 328 муроҷиати хаттии шахсони ҳуқуқӣ, 2811 огоҳиномаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ, 42 муроҷиати электронӣ, 6199 муроҷиати шаҳрвандон аз хориҷи кишвар, 717 ҳуҷҷат оид ба гирифтани нусха ё дубликати амалиётҳои нотариалӣ, 183 ҳуҷҷат оид ба бақайдгирӣ ё барҳамдиҳии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ мебошад.
Мубодила:
Шарҳҳо
