Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Дар ДДТТ ба номи ибни Сино 2 ихтисоси нав илова шуд
Хабарҳо / СлайдерМуассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти тиббию фармасевтӣ аз рӯи 5 ихтисос, аз ҷумлаи «кори табобатӣ», «педиатрия», «ташкили ҳифзи саломатии ҷомеа», «стоматология» ва «фарматсия» мутахассис омода менамояд. Бо назардошти талаботи соҳаи тандурустии кишвар, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии озмоишҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ ва ҳамчунин, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иҷозатномаи фаъолияти таълимӣ 2 ихтисоси нав – «биохимияи клиникӣ» ва «психологияи тиббӣ» илова гардид. Қабули довталабон ба ин ихтисосҳои нав аз соли таҳсили 2025-2026 роҳандозӣ мешавад.
Дар ин бора имрӯз ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ дар нишасти матбуотӣ гуфт.
Ҳамчунин, мавсуф ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки дар Донишгоҳ барои омода намудани мутахассисони босалоҳияти самти озмоиши клиникӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар баробари ин, пойгоҳи Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдии Донишгоҳ бо дастгоҳҳои муосири озмоишӣ таъмин гардид.
Мубодила:
Шарҳҳо
