БОЙГОНӢ

«    Март 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

“Саҳми занон дар рушди илм”

Хабарҳо

   Бахшида ба Рӯзи байналмилалии занону духтарон дар илм бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дастгирии СММ-Занон Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии “Саҳми занон дар рушди илм” таҳти роҳбарии Раиси Кумита Бунафша  Файзиддинзода баргузор шуд.

Дар кори конфронс муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Узви вобастаи АМИТ, номзади илмҳои техникӣ Мансурӣ Дилрабо, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих Муинӣ Мавсума, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвақтзода Қобилҷон, намояндаи Созмони миллали муттаҳид Байдуллоева Марзия ва академикону олимони шинохтаи кишвар ва берун аз он бо маърузаҳои гаронарзиши илмӣ ширкат ва суханронӣ доштанд.

Ҳамчунин дар ҳошияи  конфронс дастоварду муваффақиятҳо ва пажӯҳишу ихтирооти илмии олимаҳои тоҷик муаррифӣ шуд.

 

Дар фарҷом як қатор бонувони фаъоли соҳаи илму ихтироот, ки  саҳми арзанда дар рушди илми муосир доранд,  бо Ифтихорномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шуданд.

М.НАЗИРОВА

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_01_2026_small.pdf [2.91 Mb] (зеркашиҳо: 31)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон