Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
ДАР ПОЙТАХТ ДАВРИ ШАҲРИИ ФЕСТИВАЛИ "САД РАНГИ ЧАКАН" ДОИР ГАРДИД
Хабарҳо / Слайдер27 феврал бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар тарабхонаи “Яккасарой” даври шаҳрии Фестивали “Сад ранги чакан” ва намоишу фурӯши маҳсулоти нақшдӯзиву зардӯзии чаканӣ баргузор шуд.
Дар чорабинии мазкур вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, собиқадорони меҳнат, вакилони маҳаллӣ, воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ, меҳмонони хориҷӣ, фаъолзанони пойтахт ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Дар ифтитоҳи фестивали мазкур узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси шаҳри Душанбе - Одилзода Дилбар Раҳим ва муовини Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Абдумаинзода Заррина иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар рафти суханронӣ қайд гардид, ки бо иқдому ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номинатсияи «Чакан, ҳунари гулдӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷаласаи 13-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО, ки моҳи декабри соли 2018 дар шаҳри Порт-Луии Ҷумҳурии Маврикий баргузор шуд, ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии башарият расман ворид гардида, баргузории фестивал яке аз тадбирҳои гиромидошти арзишҳои асили фарҳангӣ буда, он ба тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, баланд бардоштани эътибори нақшу нигор, сӯзанидӯзиву гулдӯзии матоъҳои миллӣ, намоиш додани ҳунари волои тарроҳону ҳунармандони ватанӣ равона мегардад.
Фестивали мазкур тибқи муқаррароти Низомнома аз рӯи 6 номинатсия сурат гирифа, аз ҳисоби маҳсули дастони ҳунармандон ва тарроҳони шаҳри Душанбе намоиши либосҳои қадимаи чакан, кӯдакона, рӯзмарра, либосҳои маросимӣ ва идона, расмӣ ва намоиши навъҳои сӯзанидӯзӣ роҳандозӣ гардида, манзури меҳмонон ва иштирокчиёни фестивал гардид.
Боиси тазаккур аст, ки фестивал бо мақсади баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ роҳандозӣ мегардад.
Ҳамзамон, барномаи фарҳангии омоданамудаи аҳли Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе ва сарояндагони маъруфи пойтахт ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшид.
Дар фарҷоми даври шаҳрии Фестивали “Сад ранги чакан” иштирокчиён аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои иштироки фаъолона бо сипоснома, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.
Мубодила:
Шарҳҳо
