БОЙГОНӢ

«    Декабр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ “САД РАНГИ ЧАКАН” ҶАМЪБАСТ ШУД

Хабарҳо / Слайдер

 Имрӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев даври ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор шуд.

 Дар фестивал ғолибони се даври аввали фестивал дар тамоми манотиқи Точикистон, беҳтарин ҳунармандон, чакандӯзон, сӯзанидӯзон, тарроҳон аз вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Бадахшон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи чумҳурӣ ширкат варзида, намунаи олии ҳунари хешро манзури ҳаводорони нақшу нигори миллӣ намуданд. 

 

 Мақсад аз баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму оинҳои миллию мардумӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад. 

   М. Назирова

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2025_small.pdf [4.42 Mb] (зеркашиҳо: 46)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон