БОЙГОНӢ

«    Март 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ҳамоиши идона “Модар, ту биҳишти ҷовидонӣ”

Хабарҳо / Слайдер

 5-уми марти соли равон дар шаҳри Бохтар њамоиши идона таҳти унвони “Модар ту биҳишти ҷовидонӣ” баргузор гардид. Ин ҳамоиш бо ташаббуси  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон роҳандозӣ гардида, дар доираи он аз ҷониби фаъолон, аъзо ва гурӯҳи ихтиёриёни ҳизбӣ ба зиёда аз 2 ҳазор сокинону меҳмонони шаҳри Бохтар гулҳои баҳорӣ тақдим мегардад.

  Бинобар гуфтаи Рухсора Ғафорзода, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ҳамоиши идонаи “Модар, ту биҳишти ҷовидонӣ” ба ифтихори санаи фархундаи 8-уми март Рӯзи Модар бахшида шуда, мароми ҳизбиён арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи модарон ва нақши бузурги онҳо дар тарбияву ба воя расонидани фарзандони содиқу фарзонаи кишвар арзёбӣ гардид.

Ҳамчунин, дар ин рӯз ташаббускорон зиёда аз 2000 номаҳои табрикотиро барои модарони шаҳри Бохтар инъом хоҳанд кард. Интизор меравад, ки фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ дар пайравӣ аз ин ташаббуси наҷиб инчунин чорабиниҳои идонаро ба хотири қадрдонии модарон дар деҳу маҳаллаҳои дурдаст ташкилу баргузор хоҳанд намуд.

Ҷамолиддин САЙФИДДИН

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_02_2025_.rar [4.4 Mb] (зеркашиҳо: 61)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон