Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ҷашни Рӯзи модар дар вилояти Хатлон
Хабарҳо / СлайдерБахшида ба Рӯзи модар дар маркази вилояти Хатлон бо иштироки бонувони касбу кори гуногун, донишҷӯйдухтарони муассисаҳои олии таълимӣ ва модарони номвари шаҳру ноҳияҳои вилоят чорабинии идонаи фарҳангӣ баргузор гардид. Маросими идона ба ифтихори Рӯзи модарро муовини раиси вилояти Хатлон Мирзозода Музаффар ифтитоҳ бахшида, иброз дошт, ки чорабиниҳои бошукӯҳи идона ба ифтихори Рӯзи модар нишонаи таваҷҷуҳ ва эҳтироми хоссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба бонувону модарон аст. Зеро нақши бонувони модарон ҳамчун неруи бузурги созанда дар рушди ҷомеа, ободии хонадону тарбияи фарзандон ва дар ниҳоди онҳо парвариши эҳсоси баланди ифтихори ватандорӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси миллату давлатдорӣ беназир аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақому манзалати бонувону модарон арҷ гузошта, пайваста таъкид менамоянд, ки модар арзандаи ҳамагуна қадрдонӣ ва эҳтирому дӯстдорӣ мебошад.Чун модар меҳрубонтарин барои ҳар шахс буда фарзанди худро бузургворона ва бо дилсӯзиву бахшоиш ҳамеша дастгиру пуштибон аст. Ба хотири роҳату осоиши фарзандони худ шабу рӯз заҳмат мекашад ва намегузорад, ки нури чашмони ӯ ба ранҷу озоре гирифтор гардад. Орзуи ягона модар дар зиндагӣ солиму оқил ва соҳиби илму маърифат ба камол расидани фарзандон аст.
Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳи хоса баҳри дастгирии бонувони ҷавондухтарон ин иқдоми муҳимро ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат табдил додааст. Дар ин замина Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон пайваста чораандешӣ намуда, мушкилиҳои дар ин самтро ҳаллу фасл менамояд.
Тибқи иттилоъ имрӯз 49 дарсади аҳолии вилояти Хатлонро занон ташкил дода, намояндагии шоистаи онҳо дар мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таъмин гардидааст. Ҳоло дар вилоят 18% хизматчиёни давлатӣ, 615 кормандони соҳаи маориф, 71% кормандони соҳаи тандуурстӣ, 49% кормандони соҳаи фарҳанг, 16% олимон ва 30%-и соҳибкорони вилоятро занону бонувон ташкил медиҳанд. Мавриди зикр аст, ки шумораи бонувон дар вазифаҳои роҳбарикунанда дар вилоят ба 14 ҳазору 394 нафар мерасад. Аз 42 ҳазор нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят 20 ҳазору 300 нафар ё 48%-ро духтарон ташкил медиҳад.
Занону бонувон дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ аз бегонапарастӣ, ба камол расонидани насли солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан нақши муҳим доранд. Маҳз бонувону модарони мо эҳёкунандаву нигоҳдоранда ва тарғибкунандаи беҳтарин суннатҳо ва анъанаҳои милли халқамон мебошад, -изҳор дошт зимни суханронӣ Мирзозода Музаффар. - Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳар як аз иқдому ташаббусҳои созандаи бонувонро дастгирӣ намуда, дар доираи таъсиси грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, грантҳои раиси вилояти Хатлонро таъсис додааст, ки тибқи қарор дахлдор ҳамасола барои занону соҳибкор ва ҳунарманд 31 грант дар ҳаҷми 500 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад.
Дар идомаи чорабинии идона бахшида ба Рӯзи модар як қатор бонувону модарони касбу кори гуногун, ки дар пешрафту ободонии ҷомеа, тарбияи насли ҷавон, хизмати содиқона дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, рушди илму фарҳанг ва афзоиши истеҳсоли молу маҳсулоти ватанӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд, бо Сипосномаву Ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ гардиданд. Дар фарҷоми ҷашнвораи Рӯзи модар барномаи идонаи аҳли фарҳанги вилоят пешкаши иштирокчиёну меҳмонон гардонида шуд.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
Далер Шарифов, вилояти Хатлон
Мубодила:
Шарҳҳо
