БОЙГОНӢ

«    Март 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Маросими ҷоизасупории ғолибони озмуни "Беҳтарин акси модар ва духтар бо либоси миллӣ" ва таҷлили бошукӯҳи «Рўзи модар» дар милитсияи Хатлон

Хабарҳо / Слайдер

Дар доираи тантанаҳои бошукўҳи идона ба муносибати «Рўзи модар» бо мақсади қадршиносӣ ва гиромидошти хизматҳои шабонарӯзии корманд-занони милитсия, рисолати бузурги зан-модари тоҷик дар таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва амнияти ҷамъиятӣ, ҳамчунин натиҷагирӣ намудани озмуни "Беҳтарин акси модар ва духтар бо либоси миллӣ" бо ташаббуси Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дар толори Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони Мақомоти корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва иштирокчиёни озмун аз шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Суғд иштирок намуданд.

  Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти  милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бо сухани табрикӣ баромад намуда, иштирокдоронро  ба муносибати Рўзи модар, иди баҳор ва фарорасии ҷашни Наврўзи фархундапай табрику таҳният намуд. Гуфта шуд, ки дар давраҳои гуногун занону модарони тоҷик дар рушди давлатдории миллӣ, тарбияи фарзандони шуҷоъ, ба воя расонидани қаҳрамонони миллат, тарғиби фарҳанг ва суннатҳои миллӣ, таълифи шеъру достон ва асарҳои ватанпарварона, таъмини озодиву Истиқлол ва оромиву суботи сарзамини аҷдодӣ саҳми арзанда доранд.

Мавсуф қайд намуд, ки бо талошу кўшишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қабули барномаву стратегияҳои давлатӣ мақому  мартабаи зани тоҷик дар ҷомеа рўз аз рўз баланд гардида истодааст, ки ин нишони таваҷҷўҳи махсус ба кору фаъолияти занон дар тамоми соҳаҳо мебошад.

 Шариф Назарзода бо изҳори қаноатмандӣ        зикр намуд, ки дар сафи милитсияи тоҷик, махсусан Мақомоти корҳои дохилии вилояти Хатлон  занон бо ақлу заковат ва иродаи мустаҳками хеш баҳри оромию осудагӣ, сулҳу субот ва ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон хизмати содиқона намуда истодаанд.

 Ба муносибати Рўзи модар дар асоси фармонҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсати он дар вилояти Хатлон як қатор занони Мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар фаъолияти хизматӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ саҳми бориз гузоштаанд, бо нишони сарисинагӣ, медалу сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии арзишнок қадрдонӣ гардиданд.

Дар қисмати дигари чорабинӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни "Беҳтарин акси модар ва духтар бо либоси миллӣ", баргузор гардид.

Тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамон акси ирсолнамудаи иштирокчӣ аз шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Саодат Абдулҳакимзода бо духтараш сазовори мақоми аввал эълон гардида, бо диплом, 10 000 сомонӣ ва 1 адад телевизор қадршиносӣ карда шуд.

Ду нафар иштирокчиён аз шаҳри Душанбе Фархундахон Ахунова бо духтари хурдсолаш ва аз шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд Сумани Садрӣ бо духтараш сазовори ҷои дуюм гардида, ҳар кадом бо   диплом, 5 000 сомонӣ ва телевизор сарфароз гардонида шуданд.

Мақоми сеюми озмунро 3 нафар иштирокчиён, аз ҷумла Ғиёсова Саида бо духтараш аз ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Рухшонаи Шералӣ бо духтараш аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ва Шукурова Моҳбону бо духтараш аз шаҳри Бӯстони вилояти Суғд сазовор гардида, ҳар кадоме бо диплом, 3 000 сомонӣ ва як ададӣ телевизор қадршиносӣ карда шуданд.

Иштирокчиёни дигари фаъоли озмун низ  бо диплому мукофотҳои пулӣ мукофотонида шуданд.

 Гуфта мешавад, ки сармояи низомномавии озмуни "Беҳтарин акси модар ва духтар бо либоси миллӣ" 100 000 сомониро ташкил дода, ҳадафи аслии он тарғиби либоси миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳангу арзишҳои давлатдорӣ ва ба ин васила пешгирии бегонапарастӣ дар кишвар мебошад.

Далер Шарифов вилояти Хатлон

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_02_2025_.rar [4.4 Mb] (зеркашиҳо: 61)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон