Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили адибони ҷавон доир гардид
Хабарҳо20-уми май дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон базми шеъри адибони ҷавон баргузор шуд.
Чорабиниро муовини раиси Иттифоқи нависандагон Ато Мирхоҷа оғоз намуда, ҷавонони мамлакатро бо тантанаҳои идона шодбош гуфт. Корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба як қатор адибони ҷавони кишвар сипосномаи Раиси кумитаро тақдим намуда, изҳор дошт, ки ҷавони кишвар дар густариши Ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи меҳан ва татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон нақши муассир доранд.
Дар идомаи чорабинӣ адибони ҷавон аз ашъори худ намунаҳо қироат карданд. Аҳли фарҳанг ва ҳунармандони кишвар бо суруду таронаҳои дилнишин дар васфи ҷавонон ва Ватан хотири ҳозиронро болида гардонданд.