БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Душанбе дар доираи моҳвораи ҷавонон вохӯрӣ доир намуд

Хабарҳо

Имрӯз дар МТМУ № 77-и ноҳияи Фирдавсӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва моҳвораи ҷавонон вохӯрии сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо ҷавонон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ сардори Раёсати кор бо занон ва оила  Дилрабо Ашӯрова, директори Муассисаи давлатии «Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе» Парвина Музаффарова,  вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ Ситора Абдулмуминзода, масъулини шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оила, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД-и ноҳияи Фирдавсӣ, донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе, МДТ «Литсейи касбӣ-дӯзандагии шаҳри Душанбе, МДТ «Литсейи инноватсионии Душанбе»-и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва хонандагони МТМУ № 77-и ноҳия ширкат варзиданд.

Нахуст сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Душанбе Дилрабо Ашӯрова суханронӣ намуда, оид ба нақши ҷавонон дар пешбурди сиёсати имрӯзаи кишвар, саҳми беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амният ва рушди бесобиқаи мамлакат, пешгирии ифрот, фарҳанги бегона, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак» ва ғайра андешаҳои ҷолиб баён намуд.

Дар рафти чорабинӣ ҳамчунин Ситора Абдулмуъминзода роҷеъ ба имкониятҳои густурдаи ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолӣ, тавсеаи барномаҳои давлатӣ дар ин самт, бо илмҳои замонавӣ қавӣ гаштани ҷавонон ва ғайра ибрози андеша намуд.

Парвина Музаффарова оид ба шароитҳои хуби фароҳамовардаи «Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе» ибрози назар намуда, қайд кард, ки новобаста ба оне, ки дастгирӣ ва таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, хосса Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пиронсолону маъюбон бениҳоят бузург аст, ҳамоно ин қишри ҷомеа аз меҳру муҳаббати пайвандон, хусусан фарзандон бенасиб мондаанд. Марбут ба ин, оид ба қавӣ гардидани пайвандҳои хонаводагӣ, меҳру муҳаббат миёни волидон ва фарзандон, қадр ва гиромӣ доштани падару модар андешаҳо ироа гардид.

Дар фарҷоми вохӯрӣ миёни хонандагону донишҷӯён ва меҳмонон муколамаи муфид сурат гирифт. 

 

        

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_МАХСУС_small.pdf [3.23 Mb] (зеркашиҳо: 4)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон