БОЙГОНӢ

«    Май 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Дар Душанбе Форуми пешазконфронсии «Занон дар ҳифзи пиряхҳо» баргузор мегардад

Хабарҳо
29 май дар доираи чорабиниҳои канории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо форуми пешазконфронсии «Занон дар ҳифзи пиряхҳо» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Муколамаи занони Осиёи Марказӣ - 2025, ки имсол раёсати онро Ҷумҳурии Тоҷикистон бар уњда дорад, расман оғоз мегардад. Чорабинии мазкур вобаста ба амалигардонии қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба эълон гардидани “Соли 2025 - соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва оғози расмии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Муколамаи занони Осиёи Марказӣ» дар соли 2025 бахшида шудааст.
Дар конфронс намояндагони сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷавонони фаъол иштирок менамоянд.
Ҳадафи форум баланд бардоштани нақши занон дар ҳалли мушкилоти иқлим, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об, роҳбарии занон ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи экология ва рушди устувор мебошад.
Дар доираи форум ду ҷаласаи панелӣ: «Нақши занон дар пешгирӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим” ва “Ташаббусҳои созандаи занон дар ҳифзи пиряхҳо” гузаронда мешавад.
Натиҷаҳои интизории форум аз ташаббуси таъсиси платформа барои ҳамкории занон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор, дастгирии шабакаи занони роҳбар, ки дар ташаббусҳои иқлим ва об фаъолона ширкат меварзанд, муаррифии лоиҳаҳои муваффақ ва масъалаҳои илмие, ки аз ҷониби занон амалӣ мешаванд, иборат мебошад.
Манбаъ: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон
 
Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон