БОЙГОНӢ

«    Август 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Хадамот: 103 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд

Хабарҳо
Дар корхонаву объектҳои зери назорати Хадамот дар нимсолаи якуми соли 2025 ҳамагӣ 25 ҳодисаи нохуш ва 1 садамаи истеҳсолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 18 нафар ба ҳалокат ва 20 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд, иттилоъ дод сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Санъат Раҳим зимни нишасти матбуотӣ. 
Қайд гардид, ки дар ин давра 103 нафар шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ, мансабдорон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи умумии 542910,0 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуданд.
Сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохушро масъулини соҳа дар бемасъулиятии муҳандисони техникӣ, беэҳтиётии ҷабрдидагон ҳангоми кор дар объекти хатарнок ва аз камии мутахассисони соҳавӣ медонанд.
Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_06_2025_small.pdf [3.99 Mb] (зеркашиҳо: 57)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон