Ҷолиб:
БОЙГОНӢ
« Август 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷъ | Шб | Яш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Бонувон дар роҳи илм
ХабарҳоДавлатзода Сайфиддин раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон мужда дод, ки шуруъ аз моҳи майи ҳамин сол бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақамҳои 263 ва 264 намунаи дипломи дараҷаи илмии доктори илм, номзади илм ва доктори фалсафа тасдиқ гардид, ки дорои рамзҳои махсуси миллӣ мебошад.
Ба гуфти раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ то имрӯз 845 нафар бонуи тоҷик соҳиби унвону дараҷаҳои илмӣ гардидаанд. Аз ин миқдор 312 нафарро бонувони синну соли то 35 - сола ташкил медиҳанд.
- 90 дарсади рисолаҳои пешниҳодшуда, таҳти назари олимони кишвар ҳимоя ва баҳогузорӣ шудаанд, - қайд кард мавсуф.
Дар мавриди ҳамкориҳо бо олимони тоҷики берун аз Тоҷикистон кору фаъолиятдошта, Давлатзода гуфт, ки барўихатгирии шумори олимони тоҷик идома дорад ва зимнан ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо эшон дар назар аст.
Рустами НАЗИР
Мубодила:
Шарҳҳо
