БОЙГОНӢ

«    Июл 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Миёни Тоҷикистону Қирғизистон парвозҳои мустақим сурат мегирад

Хабарҳо
Аз 14-уми марти соли 2025 парвозҳои мустақим дар хатсайри Душанбе –Бишкек – Душанберо ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва 18-уми марти соли 2025 хатсайри Бишкек –Хуҷанд - Бишкекро ширкати ҳавопаймоии “Асман Эйрлайнс” роҳандозӣ намуданд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотї директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода иттилоъ дод.
Зикр гардид ки дар натиҷаи дастгириҳои Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон ва баргузории вохўриҳои судманд аз 16 июни соли 2025 хатсайри Пекин – Душанбе - Пекин оғоз гардид, ки ин рӯйдод барои соҳаи авиатсияи граждании кишвар воқеаи муҳим арзёбӣ мегардад.
 
Аз ҷониби ҶДММ “Сомон Эйр” парвозҳои нав дар хатсайри Душанбе – Красноярск – Душанбе аз 14-уми апрел ва Душанбе - Шарм-Ал-Шайх –Душанбе (Миср) 11-уми май ифтитоҳ гардиданд.
Аз 1-уми июли соли 2025 кушодашавии хатсайри Қошғар – Хуҷанд - Қошғар рӯйдоди дигари муҳими соҳа мебошад, ки аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии “Ченгду Эйрлайнс”-Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ гардид.
Инчунин, аз ҷониби ҶСК “Тоҷик Эйр дар 5 самти нав парвозҳо ифтитоҳ гардиданд, ки ин пешрафти фаъолияти ҶСК “Тоҷик Эйр” ва рушди хатсайрҳои маҳаллиро нишон медиҳад.
Дар нимсолаи якуми соли 2025 парвозҳо ба 16 кишварҳои хориҷии дуру наздик ба роҳ монда шуда, лоиҳаи ҷадвали парвозҳои мунтазами мустақими 17 ширкатҳои ҳавопаймоии ватанию хориҷӣ бо зичии умумии зиёда аз 225 парвоз дар як ҳафта ба 49 самт, ки дар асоси таъиноти мунтазам парвозҳоро ба 4 фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар -Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва як фурудгоҳи маҳаллии Хоруғ иҷро менамоянд, тасдиқ гардидааст.
Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_06_2025_small.pdf [3.99 Mb] (зеркашиҳо: 57)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон