Ҷолиб:
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Хадамоти алоқа: Истгоҳҳои базавии насли 5G мавриди истифода қарор дода шуд
ХабарҳоҲоло дар шаҳри Душанбе 20 адад ва дар шаҳри Хуҷанд 2 адад истгоҳҳои базавии насли 5G насб ва мавриди истифода қарор дода шуда, дар назар аст, ки то охири сол шумораашон ба 55 адад расонда шавад, иттилоъ дод сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло зимни нишасти матбуотии имрӯза ба хабарнигорон.
Зикр гардид, ки дар 3 соли оянда гузариши пурраи интернети мобилӣ ба наслҳои 4G ва 5G аз рӯи минтақа , инчунин то 80 фоиз таъмини дастрасии аҳолӣ бо интернети собит (ноқилӣ) ба нақша гирифта шудааст.
Ёдовар шуданд, ки таъмини хизматрасонии муътадили алоқа дар маконҳое, ки истифодаи неруи барқ маҳдуд аст, ҷойҳое, ки дар ҳолатҳои садамавии неруи барқ қарор доранд, харидорӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ бо аккумуляторҳо ва дизел-генераторҳо, таъмини онҳо бо сӯзишворӣ, дастрас, насб ва ба роҳ мондани фаъолияти муътадили онҳо таҳти назорати мутахассисони соҳаи алоқа қарор дода шудааст.
Фарзона Восеева
Мубодила:
Шарҳҳо
