БОЙГОНӢ

«    Июл 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Азим Иброҳим: «Се лоиҳаи санадҳо таҳия ва мувофиқа гардид»

Хабарҳо

Робитаҳои байналмилалӣ омили муҳими рушди соҳаи роҳу нақлиёт баҳисоб рафта, 

дар  ин давра аз  ҷониби Раёсат бо мақсади таъмини заминаҳои ҳуқуқӣ дар самти хамкориҳои байналмилалӣ 3 лоиҳаи санадҳо таҳия ва мувофиқа гардида, барои тасдиқи минбаъда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ Азим Иброҳим, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  Гуфта шуд, ки аз ҷумла:

- Лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сербия «Оид ба ҳамлу нақли байналмилалии мусофирон ва борҳо»,

- Созишнома дар бораи таҳкими алоқаи байниҳамдигарии нақлиёти рӯизаминӣ дар Осиёи Марказӣ барои тасдиқ таҳти №166 аз 11 марти соли 2025 ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст,

 - Лоиҳаи Созишнома ва лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Маҷористон дар бораи маъқул донистани лоиҳаи Созишнома «Оид ба ҳамлу нақли байналмилалии мусофирон ва борҳо дар баррасӣ ва мувофиқасозии вазорату идораҳои дахлдор қарор дорад.  

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_06_2025_small.pdf [3.99 Mb] (зеркашиҳо: 57)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон