Ҷолиб:
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон: 1218 нафар духтарон таҳсил менамоянд
ХабарҳоТеъдоди донишҷӯёни Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон 3218 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 1218 нафар духтарон мебошанд, зикр шуд дар нишасти матбуотӣ, ки санаи 6-умм августи соли 2025 доир гардид.
Ректори муассиса Зарина Ибодова қайд намуд, ки дар Донишкада ҳоло 125 нафар донишҷӯёни хориҷӣ таҳсил менамояд. Аз 277 омӯзгорон 79 нафарашон дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ будаанд.
Донишкада бо 16 донишгоҳу донишкадаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ муносибатҳои ҳамкориро ба роҳ мондааст, ки дар доираи он донишҷӯёни аълохон метавонанд барои такмили дониш ба ин муассисаҳо фиристода шаванд.
Гулноза Бобомуродова,
"Бонувони Тоҷикистон"
Мубодила:
Шарҳҳо
