Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Бунафша Файзиддинзода: Муколамаи занони Осиёи Марказӣ чорабинии хубест барои баррасии мавзуҳои муҳим
Хабарҳо / СлайдерИмрӯз, санаи 23 сентябри соли 2025 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми Муколамаи занони Осиёи Марказӣ таҳти унвони "Занон дар иқтисоди сабз ва рақамӣ" баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур дар сатҳи баланд аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати молия, Вазорати корҳои дохилӣ, Бонки миллӣ, МИҲД вилояти Суғд ва дар ҳамоҳангӣ бо шарикони рушд роҳандозӣ мегардад. Қисмати ифтитоҳӣ бо суханони шодбошии Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода оғоз гардид. Мавсуф қайд намуд, ки баргузории Форуми минтақавии Муколамаи занони Осиёи Марказӣ "Занон дар иқтисоди сабз ва рақамӣ" имконияти хубе барои баррасии масъалаҳои ҳалтаби рӯз, густариши соҳибкорӣ, рақамикунонӣ, тақвияти иқтисоди рақамӣ фароҳам хоҳад овард ва пешниҳоди андешаву ташаббусҳои созандаи он барои пешрафти занони Осиёи Миёна мусоидат хоҳанд кард. Қисмати аввали ҳамоиш бо суханони ифтитоҳии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, намояндаи махсуси СММ дар Осиёи Миёна Каха Имнадзе, Вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубхон Сатториён, намояндаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Орзигул Қозихонова, Ҷумҳурии Қирғизистон Лейла Лурова, Ҷумҳурии Қазоқистон Екатерина Смолякова ва дигар шахсони расмӣ оғоз гардид.
Кори Форум дар доираи ҷаласаҳои панелӣ идома дорад.
Гулноза Бобомуродова, Хуҷанд,
"Бонувони Тоҷикистон"
Мубодила:
Шарҳҳо
