БОЙГОНӢ

«    Октябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Дастамон расид ба гиребони орзу…

Илм ва маориф

Пешаи бону Малика омӯзгорист. Агарчи аз ин касаба дил кандан намехост, бо тақозои замон фаъолиятро дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш идома дод. Алҳол, сармутахассиси шуъбаи коргузорӣ, назорат ва муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дастгоҳи раиси ноҳияи Вахш мебошад.

Суҳбат бо Малика Сафарова мебоист атрофи фаъолияти меҳнатии ӯ сурат мегирифт, вале аз зиндагии сангини солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бароямон қисса намуд ва он намунаест барои ҷавонони замони соҳибистиқлолӣ, ки наметавон онро сарфи назар кард. Аз бохтҳову сӯхтанҳои ҷавонии ҷавонони замони худ розҳои аламвор гуфт. Ёдовар шудан аз рӯзгори дерина ва тафовут бо имрӯз хеле ҷолиб аст, агарчи дарди куҳнаро ба истилоҳ рӯ бигардонем ҳам…

Бо азми қавӣ

Муаллимони замони мо, воқеан ҳам, меҳрубон буданд ва бо самимияти ба худ хос ба дили хонандагон на танҳо тухми меҳру муҳаббат ва инсондӯстиро мекиштанд, ҳамчунин, шавқу рағбати касбандӯзиро мақом медоданд. Агар боре омӯзгореро аз боби интихоби касб пурсон шавед, ҳатман чунин посухро бароятон мегӯяд, ки меҳри пешаро дар қалбаш омӯзгораш бедор намудааст.

Маро низ завқу ҳавас ва касби омӯзгорӣ аз хурдсолӣ дар қалб маскун гардид, ки соли 1986 пас аз хатми мактаби миёнаи №1 – и ноҳияи Вахш ба филиали факултаи забон ва адабиёти руси Институти педагогии Душанбе ба номи Т. Шевченко ҳуҷҷатҳоямро супурда, донишҷӯ шудам.

Пас аз як сол имкон фароҳам омад, ки таҳсиламро дар Институти давлатии педагогии шаҳри Куйбишеви кишвари Россия идома диҳам. Бо дуои неки волидон аз пайи таҳсил шудам ва ҳар рӯз талошам баҳри омӯзиш ва дарёфти илм буд. Бале, мо, ҷавонон, азми қавӣ доштем ва барои расидан ба ҳадафҳои худ ҳамеша мекӯшидем. Барои духтарони замони пешин ҳатто дар дохили кишвар таҳсили олӣ гирифтан орзу буду бас. Худ­ро хушбахттарин ҷавони давр мехондам, зеро аз миёни ҳамкурсон ягона ман аз духтарон будам, ки берун аз кишвар таҳсил доштам. Мутаассифона, бо сабаби бемории модар пас аз ду сол боз ба зодбум баргашта, таҳсилро дар донишкада идома додам.

Имрӯзҳо аксари бонувон бо тақлиди кӯр – кӯрона дар мавриди пӯшидани либоси миллӣ боиси баҳс дар ҷомеа гаштаанд. Ёд аз замони донишҷӯйӣ дар кишвари Россия намуда, меандешам, ки воқеан тӯфони ғурури миллӣ дар қалби ҷавонони давр ҷӯш мезад. Касе моро тарғибу маҷбур намекард, он чизе буд, ки аз қалб баромада, ба қалбҳо ҷо мегирифт.

Ду соли донишҷӯйӣ дар мусофирӣ бо либоси тоҷикӣ ба дарс мерафтам. Ҷавонони тоҷик бо таҷлил намудани иду ҷашнҳои миллӣ байни дигар донишҷӯёни хориҷӣ ҳамеша намуна буданд. Бо фармоиши ҳамсабақони гуногунмиллат дар ҷашнҳои мавлудиашон таомҳои тоҷикӣ мепухтем, ки писанди ҳамагон буд. Аз пӯшидани либос ва пос доштани рукнҳои миллӣ ифтихор доштем.

 Солҳои ҷавонии мо…

  Соли 1991, пас аз хатми донишкада, корро аз мактаби миёнаи №56-и ноҳияи Вахш оғоз намудам. Ҷавонии мо ба солҳои мудҳиши ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рост омад. Ҳар яки мо, ҷавонони давр, орзую умеди зиёд доштему дар дил ниҳоли муҳаббат мепарваридем ва аввалин пояи оиларо аз ишқ бунёд намудан мехостем. Вале, нахустин нишонаҳои ҷанг оташ ба решаи орзуҳомон зад. Ҳар рӯз аз шунидани хабарҳои пайдарҳами марги дӯстону ҳамсабақон дилреш будему дидагирён. Яке орзу ба хок бурда, дигарӣ орзу дар қалб кушта, дасту дил аз рӯзгори ободи фардо шуста будем.

Мардуми водӣ ба ҳар макон кӯч бастанд. Хонаводаи мо низ бо ҳаққу ҳамсоя, шиносу ошно беш аз 50 нафар ба ноҳияи Восеъ, ба хонаи хешовандонамон гуреза шудем. Он замон маҳал надоштем, миллат будему халос. Пас аз се моҳи гурезагӣ аз хонаву дар ба кулбаи вайронаи ғоратгаштаамон баргаштем. Касе дар фикри чизу чора набуд. Беболин дар кӯрпаи ҳамсоя мехобид, бе дегу табақ дар ошхонаи каси дигаре таом омода менамуд. Посдорони намак имрӯз ёд аз он рӯзҳо намуда, боз ба дидорбинӣ меоянд.

Кашмакашҳои он замон бо рабудани ҷони даҳҳо нафар ҷавонон зарба ба ҳаёти оилавии бонувон зад. Зери чодар арӯсон ноумед монданд, духтарони қадрас шаҳди арӯсӣ аз косаи бахт начашиданд.

Ҳазорон шукр, ки Худованд ба бахти миллати тоҷик Сарвари некқадам Эмомалӣ Раҳмони ҷонфидоро насиб гардонд, ки ба шарофати накукорию раиятпарвариаш Тоҷикистон соҳиби истиқлолияти комил гашта, сокинонаш дар фазои сулҳу ваҳдат оромона кору зиндагӣ доранд.

 

Дар хизмати халқ

Он солҳо мардум аз ноумедӣ аксар тарки ҷойи кор карда буданд. Аз ин хотир, роҳбарони онвақтаи МИҲД - и ноҳияи Вахш тасмими ба кор ҷалб намудани мутахассисонро карданд. Агарчи тарки пеша маро мушкил буд, ба кори мақомоти маҳаллӣ пайвастам. Қиблагоҳ гуфтанд: «Туро барои омӯзгор шуданат хонондам, то дар маърифатноккунии фарзандони халқ саҳм бигирӣ. Вале ин ҳам хизмати халқ аст ва аз он сар мапеч!».

Бо роҳнамоии падар фаъолиятро аз раёсати кишоварзии мақомоти маҳаллӣ оғоз намудам. Дар давоми 30 соли кор дар ин раёсат зарурати омӯхтани самтҳои дигари соҳаи кишоварзӣ пеш омад. Сариқтисодчӣ, агроному зоотехник ҳам будам.

   Баъди оромшавии вазъи кишвар ҳанӯз ҳам дар зеҳни мардуми маҳал умед ба ояндаи нек маскан нагирифта буд. Ба ҳукумати нав бовар надоштанд, бо нафрат дару дарвозаҳоро ба рӯямон мебастанд. Бо онҳо ба истилоҳ «забон» ёфта, кор кардан мушкилиҳои зиёдеро пеш овард. Гирди мардуми рӯшанфикр ҷамъ омадем, бонувони фаъоли ноҳияро барои корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷалб сохтем. Ҳамин тариқ, риштаҳои гиреҳзада во шуданду бо ваҳдату баҳамоӣ ва азму талоши ҳамдигар Ватанро аз нав обод намудем.

Қутбия НЕЪМАТУЛЛО,

Душанбе - Вахш - Душанбе

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_08_2024_small.pdf [4.23 Mb] (зеркашиҳо: 39)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон