Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Дурахши миллат дар симои муаллим
Илм ва маорифСоли аввали донишҷӯӣ ба пешбиниҳои зодмандон бовараш намеомад, ки бо мурури рӯзгорон шефтаи пешаи омӯзгорӣ гардида, ҳама ҳастии худро ба кори таълиму тарбияи насли наврас хоҳад бахшид. Он ҳама оташи баланди баҳори ҳабдаҳсолагӣ ва ангезаҳои саршори орзую ҳавасҳои дар дил парвардааш, аз панду насиҳатҳои рӯҳафзои падар музоб, яъне гудохта гашту аз раъйи табиб шудан баргашта, пайроҳаи омӯзгориро интихоб кард.
Моҳтоббегим, ки дар деҳи Бадахшони ноҳияи Дӯстӣ ва дар оилаи посдори фарҳангу арзишҳои хонаводагӣ ба воя расидааст, бо ёдоварӣ аз нақши меҳварии падару модар дар таълиму маърифатнокии фарзандон, ташаккули ҳамкориҳои оила, мактаб ва ҷомеаро дар тарбияву рушди ҷаҳонбинии насли наврас тақозои замон мешуморад.
– Ба шарофати якдиливу ҳамназарии зодмандон ва муаллимони мактабиам дар мавриди интихоби касби ояндаам буд, ки тӯли 30 соли фаъолияти омӯзгорӣ ба гоҳе дар ин ҷодаи пуршараф эҳсоси пушаймонӣ надоштам. Устодон бо лутфу ҳусни ифтихор маро муаллими оянда ном мегирифтанд ва, ҳамчунин, падарам, ки дар шаҳомати нигоҳаш маҷоли сухан гуфтан надоштам, ояндаи маро дар ҷодаи таълиму тарбия медид, – иброз дошт Моҳтоббегим Давлатшоева. Баъди хатми имрӯза Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, директори мактаби зодгоҳ Бароталӣ Шоҳназаров маро ба кор қабул карда, аз овони мактабхониам ёдоварӣ кард, ки мебоист омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик бошам. Бо амри тақдир ба ҳампешае арӯсӣ кардам, ки падару модараш ҳам бо нӯги қалам рӯзгори хонаводаро пеш мебурданд.
Соли 2003 ҷуфти ҷавон барои идомаи кору зиндагӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кӯчиданд ва мухотаби матлаб то инҷониб дар МТМУ №10-и ин ноҳия ба синфҳои ибтидоӣ дарс мегӯяд. Бешак, аз давраи синфи аввал то хатми зинаи ибтидоии шогирдонаш, ӯ баробари хатми як донишгоҳ, донишу таҷриба, имтиҳони сабру муҳаббати модарона ба шогирдонашро таҷруба мекунад. Ба иқрори Моҳтоббегим дунёи беғашу меҳру самимияти кӯдакон, ба дида нуру ба дилҳо фараҳу шодмонӣ мебахшад ва омӯзгори асил саршори эҳсосоти афсонавӣ мушкилу муаммоҳои равандаи таълимро бо сарбаландӣ паси сар мекунад. Ҳузури дастпарваронаш дар арсаҳои гуногуни хизмати давлатӣ, аз ҷумла соҳаи маориф, ки ҳанӯз дар синфи нахуст орзуи ба монанди муаллими аввалини хеш соҳибэҳтиром бошанд, самараи заҳматҳои фидокоронаи устоди собитқадамест, ки ҳастии худро ба хату савод омӯзондану тарбияи инсондӯстиву ватанпарварии насли ояндаи Меҳан бахшидааст.
– Ҳар субҳи сӯи мактаб раҳсипор шудан маро эҳсосоти саршор аз меҳру муҳаббати бузург ба рисолати касбӣ ва фараҳмандӣ аз дидори шогирдон фаро мегирад, ки мисли фарзандонам дӯсташон медорам, – ҳароратангез иброз медорад Моҳтоббегим. – Муаллим бояд бо меҳри модарона, илму донишҳои фарогираш, ҳунари суханвариву маҳорати ҷалби таваҷҷуҳи онҳо ба саводомӯзӣ ва дигар хислатҳои шоистаи худ сазовори бовариву эҳтироми хонандагон гардад. Вагарна дар шароиту замони муосир, ки на дар ҳамаи оилаҳо ба таълиму тарбияи фарзандон аҳамият медиҳанд, насли наврас аз гирифтани сабақ ва андӯхтани донишҳои замони муосир дар канор мемонад. Мутаассифона, иддае аз волидон то кунун дарк накардаанд, ки дар сурати ба вақти дигар гузоштани иштирок дар раванди таълими фарзандонашон, заҳмати муаллимон ва шароиту имкониятҳои фароҳамгардидаи донишандӯзӣ дар мактабҳо ба сифр баробар мешавад.
– Муассисаи мазкур дар мавриди ҳамкорӣ бо Кумитаи падару модарон таҷрибаи намунавӣ дорад. Чун ин анъанаи нек аз даврони сарвари ин муассисаи таълимиро бар зимма доштанӣ муаллим Шаҳло Шукурова, имрӯз муовини раиси ноҳия, идома дорад, ки ворисон бо таваҷҷуҳи хосса ба тарбияи фарзанд, ҳам дар корҳои ободониву таъмини синфхонаҳо ба воситаҳои муосири таълимӣ ҳиссаи арзанда мегузоранд, – мегӯяд Моҳтоббегим.
– Аз сӯи дигар, рисолати муқаддаси омӯзгор аст, ки бо худомӯзиву такмили касбият ва табодули таҷрибаи пешқадам, завқу ҳаваси шогирдонро ба донишандӯзӣ бедор созад, зеро ин ҳама шароиту имкониятҳои фароҳамгардида, хусусан, ба тасвиб расидани Қонун «Дар бораи мақоми омӯзгор» ба рушди илму маориф, эътибори нақшу мақоми омӯзгор дар тарбият ва боло бурдани сатҳи саводу маърифатнокии ҷомеа ва фароҳам овардани ояндаи дурахшони миллату давлат нигаронда шудааст. Мо дар тарбияи насли солеҳу саводманд ва хушсалиқа замоне муваффақ мегардем, ки аз лаҳзаи ба синфи аввал қабул шудани атфол раванди таҳсил ва соатҳои фориғ аз дарсомӯзии онҳо таҳти назорати доимии мактабу оила қарор дошта бошад. Чаро ки кӯдакон аслан дар синни таҳсилоти ибтидоӣ пурэнержӣ буда, ба донишандӯзиву машғулиятҳои шавқовар завқи дучанд доранд ва дар сурати ҳавасмандӣ ба омӯзҳои ибтидоӣ ва кушоиши истеъдодҳои фитрӣ, метавон насли ҳушманду ояндасозро ба воя расонд. Аз таҷрибаи солиёни таълим дар синфҳои ибтидоӣ бардоштаам, ки теъдоди довталабони иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби талабагони синфҳои ибтидоӣ дар қиёс ба хонандагони синфҳои болоӣ ду-се баробар зиёд аст. Аз ин лиҳоз, иловатан мебояд аз сатҳи муассисаҳои таълимӣ то марказҳои рушди истеъдодҳои шаҳру ноҳияҳо шумораи озмунҳои илмӣ-фарҳангиро миёни хонандагон дучанд афзуд. Мо, омӯзгорон, боист, ки бо ифтихору ҳисси баланди масъулият, саъю садоқат дар анҷоми рисолати касбӣ, бо илму амалҳои солеҳ ва қадрдонии меҳтарони соҳаи маориф намунаи ибрати ҷомеа бошем. Ба ин хотир, ҳар бори ба дудмони падарӣ рафтан, ҳатман ба аёдати муаллими аввалинам Сабзбаҳор Шакармамадова меравам, то аз суҳбатҳои ҷонбахши ин модари соҳибназар ғизои маънавӣ бардорам, – меафзояд Моҳтоббегим Давлатшоева.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН
ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Мубодила:
Шарҳҳо











