Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Бозгашт ба сӯи кӯдакон
Илм ва маорифМошин бо роҳи дурударози пурпечутоб моро аз миёни кӯҳҳои баланд гузаронда, ба ноҳияи Рашт бурд. Бо ворид шудан ба маркази ноҳия онро хеле тозаю обод дарёфтем. Аз равуои мардум дар кӯчаҳо эҳсос мешуд, ки ҳама дар талоши зиндагиянд. Хонандагон сӯи мактаб равонанд, ҷавонону калонсолон тарафи коргоҳҳои хеш ва бозору мағозаҳо.
Пас аз анҷоми муколама бо ҳамсуҳбатон тасмим гирифтем, лаҳзае дар кӯчаҳои ободу зебо ва сарсабзи маркази ноҳия сайругашт намоем. Воқеан, аз гардиш намудан дар ҳавои софу беғубори кӯҳистон, бахусус ҳангоми ғуруби офтоби зимистон, кас оромиши рӯҳу танро дармеёбад. Оромию сулҳу салоҳи диёр, ки хотири мардумаш аз он осуда аст, аз файзу баракати Истиқлоли давлатии Ватан дарак медиҳад.
Ин лаҳзаҳо таваҷҷуҳамонро гурӯҳи кӯдаконе, ки аз кӯдакистон мебаромаданд, ҷалб намуд. Шод буданду хушбахт, ки ин дар чашмони аз шодӣ дурахшонашон ҳувайдо буд.
– Ёд дорам, ки солҳои пешин асосан коргарбонувон кӯдаконашонро ба боғча меоварданд, зеро аксар дар хона барои нигоҳубини бачаҳояшон шароит надоштанд. Имрӯз ҳар нафар мехоҳад, ки фарзандаш дар кӯдакистон таълиму тарбия гирад. Дар боғча аксари кӯдаконе фаро гирифта шудаанд, ки модаронашон хонашинанд, вале ба хотири ба омӯзиш ҷалб ва бо ҷомеа мутобиқ гардидани фарзандон онҳоро ба кӯдакистон меоранд. Назар ва андешаҳои мардуми маҳал ба навгониҳои замони муосир тағйир ёфтааст, яъне аҳолии кӯҳистон талош меварзанд, то ҳамқадами замон бошанд, – мегӯяд мудири кӯдакистони №1-уми ноҳияи Рашт.
Нодирабону Музаффароваро, ки қиблагоҳаш шахси донишманду бофарҳанг буд, кӯшид, то фарзандонро дар рӯҳияи донишандӯзӣ ва илмомӯзӣ тарбия намояд. Солҳо дар рӯзномаи ноҳиявӣ, ки замони шуравӣ бо номи «Қаротегини советӣ» ба табъ мерасид, фаъолият намуд. Ба гуфтаи Нодирабону, аввалин устод дар кору рӯзгори фарзандон падар буду ҳамеша раҳнамоӣ ба роҳи некашон менамуд.
– Китобдӯстдории падар шавқмандиамро ба мутолааи адабиёти классику муосир афзуд. Хондани китобҳоро бароям тавсия медод, ҷилд-ҷилд китобу маҷалла ва рӯзномаҳоро барои фарзандон муҳайё мекард. Сарфи назар аз он ки мардуми маҳал ба хондану соҳибмаълумотшавии духтарон эрод мегирифтанд, падар мекӯшид, ки мо аз замона қафо намонем. Бо ин муносибати худ дар қалбам муҳаббат ба дониш ва касбомӯзиро маҳз қиблагоҳӣ бедор намуд.
Ҳамин муҳаббат ба донишандӯзӣ буд, ки соли 2002 бо аввалин бор кушода шудани филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Рашт тасмим гирифтам, то донишҷӯи факултаи забон ва адабиёти тоҷики ин даргоҳ бошам, – иброз медорад мавсуф.
Нодира пас аз хатми донишгоҳ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52 ба фаъолият пардохт. Баъдан, таҳсилро дар шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон идома дода, соли 2019 онро бомуваффақият ба итмом расонд.
– Аз он ки дар маҳал мутахассисон дар соҳаҳои гуногун, бахусус иқтисод набуданд, фаъолиятамро дар раёсати молияи ноҳия идома додам. Дар филиалҳои бонкҳои «Ориёнбонк» ва «Амонатбонк», ки дар ноҳия амал мекунанд, фаъолият намудам. Соле пештар боз ба назди кӯдакон, ба пешаи дӯстдоштаам баргаштам. Алҳол, мудири кӯдакистони №1-уми ноҳияи Рашт ҳастам, – мегӯяд Нодира Музаффарова.
Агарчи меҳри пешаи омӯзгорӣ ва муҳаббат ба илмомӯзиро қиблагоҳаш дар дили Нодира ҷо карда бошад ҳам, дӯст доштан ва шуғл бо кӯдаконро замоне эҳсос намуд, ки дар наврасӣ, пас аз анҷоми дарсҳои мактаб ба ҷойи кори модар мерафт. Модар дар кӯдакистон чун ёвари мураббия Анна Сергеевна фаъолият менамуду гоҳе Нодира барои ёрӣ расондан ба корҳояш ба боғча мерафт. Бахусус, муносибати мураббия бо кӯдакон ӯро шавқманд ба пеша намуд.
– Анна Сергеевна бонуи хеле ҳалиму меҳрубон буд. Ҳар сухан ва ҳар рафтори некуяш нисбат ба кӯдакон мактаберо мемонд, ки мебоист ҳар нафар аз он баҳра мебардошт. Хушбахтона, аз ин мактабдор дарси инсондӯстӣ ва одамгариро аз бар намудам. Ӯ тавонист, дар дилам муҳаббатро нисбат ба пешаи омӯзгорӣ бедор намояд ва ҳамон шавқу завқи кор кардан бо кӯдакон маро боз ба кӯдакистон овард, – иқрор меояд мудири боғча.
Алҳол, дар кӯдакистони мазкур беш аз 110 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Ҳамчунин, аз 20 корманди боғча аксар бонувонанд.
Нодирабону мегӯяд, ки мураббияҳои кӯдакистон таҷрибаи хуби омӯзгорӣ дошта, таҳсилдидаи Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Нуробод мебошанд. Имрӯз, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯхтани забонҳои хориҷиро дар ҳар суханронии хеш таъкид менамоянд, бонуи кордону таҷрибаандӯхта тасмим гирифтааст, бо ҷалби беҳтарин мутахассисони забондон омӯзиши забонҳои русӣ ва англисиро дар кӯдакистон роҳандозӣ намояд.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО,
ноҳияи Рашт
Мубодила:
Шарҳҳо












