БОЙГОНӢ

«    Июл 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Хобе, ки ба воқеият табдил ёфт

Илм ва маориф

Баъзан зиндагӣ инсонро аз қуллаҳои кӯҳистон ба қуллаҳои дигари мурод мебарад. Дилором Раҷабова низ ҳамин роҳро тай намуд. Аз деҳаи хурди кӯҳистон то роҳбарии як муассисаи замонавӣ, аз мизи хонандагӣ то курсии директорӣ, аз орзуҳои духтараки сода то ифтитоҳи мактаби нав бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - ин роҳ танҳо роҳи як омӯзгор нест, балки қиссаи ирода, заҳмат ва садоқати як бонуи тоҷик аст.


23-юми феврали соли 1985 дар деҳаи Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар оилаи зиёӣ духтарчае ба дунё омад, ки баъдан сарнавишташ бо таълиму тарбия ва маърифат пайванд хӯрд. Зодмандон Дилором ном ниҳодандаш.

Аз овони кӯдакӣ ӯ дар муҳити саршор аз китоб, дониш ва эҳтироми муаллиму бузургон ба воя расид. Ба ёди кӯдакӣ Дилором Раҷабова бо меҳр мегӯяд:

– Ҳанӯз шашсола будам, ки волидонам аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба Мастчоҳи нав кӯчиданд. Диёри Дилварзинро мисли садҳо оилаи муҳоҷири кӯҳистон зодбуми дуюми худ карданд. Маҳз дар ҳамин сарзамин бузург шудам, дар ҳамин ҷо орзуҳои кӯдаконаам шакл гирифтанд.

Шояд тақдир мехост, ки ҳамин сарзамини меҳрпарвар барои ӯ на танҳо макони зист, балки мактаби зиндагӣ гардад…

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 таҳсил намуд. Мактаб барояш танҳо ҷойи гирифтани дониш набуд, балки мактаби одамгарӣ, мактаби тарбия ва парвариши орзуҳо буд. Дар ҳамин даргоҳи маърифат омӯзгори донишманде ба сарнавишти ӯ таъсири амиқ гузошт. Дилором бо эҳтироми хос аз устод Абдулфаттоҳ Қурбонов ёдовар шуд:

– Устод Абдулфаттоҳ Қурбонов бароям омӯзгори одӣ набуд. Ҳар суханашон то ҳанӯз дар гӯшам садо медиҳад. Он кас дар вуҷуди мо меҳри китобхонӣ, меҳнати ҳалол ва эҳтироми касби омӯзгориро бедор карданд.


Тақдир ба ин муносибати устоду шогирд ҳусни дигар бахшид. Пас аз хатми Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Мастчоҳ Дилором ба ҳамон мактабе баргашт, ки дар он ҷо рӯзе ҳамчун хонанда паси мизи дарсӣ менишаст. Ин навбат ӯ омӯзгор буд.

Ва боз ҳам тақдир ӯро бо устоди соҳибэҳтиромаш рӯ ба рӯ намуд. Абдулфаттоҳ Қурбонов акнун ҳамчун роҳбари муассиса ва раҳнамои муаллими ҷавон дар ҷодаи омӯзгорӣ гардид.

– Вақте ба мактаби ошно ҳамчун омӯзгор баргаштам, устод боз дастамро гирифтанд. Нозукиҳои касбро омӯзонданд, хатоҳоямро ислоҳ мекарданд, роҳ нишон медоданд. Агар имрӯз ба мартабае расида бошам, дар он саҳми муаллими азиз бузург аст, – бо сипос мегӯяд Дилором. – Омӯзгор метавонад танҳо дарс диҳад, аммо устод инсон месозад. Лаҳзае сукут мекунад ва бо самимият меафзояд:

– Шояд дастгириҳои устод намебуданд, ман имрӯз дар ин ҷойгоҳ қарор намедоштам.


Баъди хатми Омӯзишгоҳ фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ оғоз намуд, аммо дар баробари кор аз омӯзиш ва такмили дониш бознаистод. Ӯ ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дохил шуда, онро бо ихтисоси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ хатм намуд.

– Ҳамеша мехостам омӯзгоре бошам, ки пайваста омӯзад. Омӯзгор агар худ наомӯзад, наметавонад шогирди хуб тарбия кунад. Барои ҳамин ба Донишгоҳ дохил шудам. Ҳар рӯзи таҳсил барои ман таҷрибаи нав ва дарси нави зиндагӣ буд, – мегӯяд бону Дилором.

Баъди бунёди оила тақдир ӯро ба шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ овард. Дар ин ҷо зиёда аз даҳ сол ҳамчун мураббӣ дар кӯдакистон фаъолият бурд. Кор бо кӯдакон барои ӯ танҳо вазифа набуд, он рисолати муқаддас ва амонати виҷдон буд. Ду маротиба ба унвони «Мураббии сол» мушарраф гардида, боғча ва дастпарваронаш низ дар озмунҳои гуногун ҷойҳои намоёнро соҳиб шуданд.

Соли 2021 ҳамчун муовини директор оид ба корҳои тарбиявии МТМУ №14-и шаҳраки Бӯстон ба фаъолият оғоз кард ва баъди ду сол роҳбари муассиса таъин шуд. Имрӯз ӯ яке аз даҳ бонуи роҳбари муассисаҳои таълимии ноҳияи Мастчоҳ мебошад.

Сарнавишт барои ин бону як саҳифаи вазнинро пеш овард. Мактабе, ки имрӯз роҳбариашро ба зимма дорад, замоне ба коми оташ рафт. Хонандагон маҷбур буданд муддате дар бинои кӯдакистон таҳсил намоянд. Барои омӯзгорон, зодмандон ва сокинони маҳалла он рӯзҳо хеле душвор буданд.

– Вақте роҳбари мактаб таъин шудам, орзуҳои зиёде доштам. Яке аз орзуҳои асосиям дидани мактаби наву замонавӣ буд. Шукр, ки имрӯз қисми зиёди орзуҳоям амалӣ шуданд, – мегӯяд ӯ.

Бо лабханд аз як рӯйдоди аҷиб ёдовар мешавад: – Дар рӯзҳои аввали ба вазифаи директорӣ таъин шуданам хоб дидам, ки дар назди биное бо Пешвои миллат ниҳол мешинонем. Бедор шуда, зиёд дар фикри таъбир шудам. Ва дар наздиктарин рӯзҳо он хоб ба воқеият табдил ёфт.

30-юми марти соли 2026 дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ бинои наву замонавии МТМУ №14 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Он рӯз барои Дилором Раҷабова яке аз рӯзҳои нишотовари зиндагияш буд.

– Он лаҳза маро эҳсоси баланди ифтихор, ҳаяҷон ва хушбахтӣ фаро гирифта буд. Ростӣ, қариб буд аз ҳуш равам, – ёд меорад он рӯзи фараҳбахшро бо табассум. – Барои ман беҳтарин туҳфаи Илоҳӣ дар зиндагӣ, паҳлуи Пешвои миллат, дар ифтитоҳи мактаби нав ширкат кардан буд.

Шояд он лаҳза дар вуҷуди ӯ шодии ҳамон духтараки шашсолае метапид, ки рӯзе аз кӯҳистон ба водии Дилварзин омада, орзуи омӯзгор шуданро дар дил мепарварид. Имрӯз бошад ӯ худро яке аз хушбахттарин инсонҳои рӯи олам меҳисобад.

– Ман аз зиндагии кунунии худ ҳазорон бор розӣ ҳастам. Хонаи обод, соҳиби се фарзанд, оилаи солим ва касби дӯстдошта ҳастам, – иброз медорад Дилоромбону.

Вақте сухан ба аҳли оила мерасад, чашмони ӯ аз миннатдорӣ пурнур мегарданд.

– Модарам ҳамеша мегуфтанд: «Фарзандам, ту бо кӯдакон кор мекунӣ, ҳеҷ гоҳ дар роҳи корат хиёнат накун, зеро тарбияи кӯдакон амонати Худованд аст». Ман ин суханҳоро шиори зиндагии худ қарор додаам, – зикр мекунад ӯ.

Пас аз лаҳзае сукут илова менамояд:

– Ман бахусус аз падарарусам бисёр миннатдорам. Он кас ҳамеша маро рӯҳбаланд мекарданд, ба ҳар қадами ман бовар доштанд, маслиҳат медоданд ва мегуфтанд: «Ту аз уҳдаи ин кор мебароӣ». Модарарусам низ маро мисли фарзанди худ медонистанд. Агар пуштибонии онҳо намебуд, ба бисёре аз дастовардҳои имрӯза расида наметавонистам.

Ҳини суҳбат аз ҳар ҷумлаи ӯ эҳтиром ба бузургон, сипос ба устод ва муҳаббат ба касб эҳсос мегардид.

Қиссаи Дилором Раҷабова қиссаи як бонуи тоҷик аст, бонуе, ки аз домани кӯҳистон бархоста, дар водии Дилварзин реша давонд, аз мактаби деҳа парвоз кард, ба ҳамон мактаб ҳамчун омӯзгор баргашт, аз устод сабақи зиндагӣ гирифт ва имрӯз худ ба садҳо кӯдакон дарси умед, меҳнат ва ватандӯстӣ меомӯзад.

Мактабро орзуҳои бузург, муҳаббати поки кӯдакон ва қалби гарми омӯзгорон қомат меафрозад. Дилором Раҷабова аз ҷумлаи ҳамин гуна бонуест, ки ҳар субҳ бо садои занги мактаб на танҳо дарҳои синфхонаҳо, балки дарҳои умеду орзуро ба рӯи насли нав во мекунад.

Шояд дар дили ҳар кӯдаке, ки имрӯз аз остонаи мактаби №14 қадам мениҳад, орзуе нуҳуфтааст – орзуе ширин, вале бузург. Орзуе, ки мисли орзуҳои Дилором аз домани кӯҳистони баланди тоҷик сабз шудааст ва рӯзе то қуллаҳои баландтарини мурод мерасад.


                                                                                    Далер САФАР



                                                                           Душанбе – Мастчоҳ – Душанбе



Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_07_2026_small.pdf [2.82 Mb] (зеркашиҳо: 2)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон