Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ҳамбастагӣ – асоси комёбиҳо
Илм ва маорифМисоли равшани мисраи маъруфи шоир ва мутафаккири бузурги Шарқ Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ: «Давлат ҳама з-иттифоқ хезад»-ро дар симои маорифпарварони ноҳияи Спитамен хуб дарёфтам. Воқеан, бунёди давлат, қудрат, пешрафт ва пойдории ҳар ҷомеа танҳо дар натиҷаи ваҳдат, иттифоқ ва якдилии мардум ба даст меояд ва то оне, ки мардум, ҷомеа бо ҳам муттаҳид ва якдил набошанд, ба рушду нумӯи дилхоҳи соҳа расидан ғайриимкон аст. Ин буд, ки бонуи муваффақу корозмуда, омӯзгори соҳибтаҷриба, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Спитамен Саодат Абдувализода дар ҳар иборааш ҳамбастагии мардуми фарҳангсолору маорифпарварро калиди асосии дастовардҳои худ ва бахши маориф арзёбӣ менамуд.
Ҳамсуҳбати мо таҷрибаи беш аз 30 соли собиқаи омӯзгорӣ дошта бошад ҳам, дар вазифаи ҳозираи хеш акнун як сол аст, ки заҳмат мекашад. Аммо заҳмате, ки самари он на танҳо барои худ, балки барои аҳли кормандони соҳа ва волидон аён гашт. Онҷониб иқрор омаданд, ки дар тарбияи насли наврас, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа ва рушди устувори кишвар соҳаи маориф нақши калидӣ дорад. Аз ин ҷост, ки чун омӯзгори собиқадор ба такмили маҳорати касбии омӯзгорон, баланд бардоштани сифати таълим, истифодаи усулҳои муосири тоҷик оид ба таълиму тарбия таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва Консепсияи миллии тарбия ва таҳсилотро маорифчиёни ноҳия зери роҳбарии мудири маориф маҳакӣ асосии фаъолияти хеш қарор дода, дар як давраи кӯтоҳи соли хониши 2025–2026 ба як қатор дастовардҳои қобили қабул ноил гаштанд.
Масъулони шуъба, аз мудир сар карда, дар 520 соати дарсии муаллимони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуда, ба омӯзгорон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати таълим маслиҳати методӣ доданд. Маҳз сари вақт аз ҳолатҳои дарсӣ огоҳ шудан ва миёни омӯзгорон пайдо шудани мушовирони шуъба имконият дод, ки МТМУ №3 дар озмуни вилоятии «Муассисаи беҳтарин дар ҳаракати олимпӣ» миёни муассисаҳои таълимӣ сазовори ҷойи сеюм ва дар миқёси ҷумҳурӣ ҷойи панҷумро ишғол намуд. Ҳамин зайл омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби мазкур Саломат Фаттоева дар озмуни «Таълими ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ дар раванди таълим» ғолиби ҷойи аввал дар вилоят гардид.
Соли таҳсили 2025–2026, ки муассисаҳои таълимии ноҳияро 2146 нафар хатм намуд, қисми зиёдро духтарон ташкил медоданд ва аксари онҳо чун довталаб дар Маркази миллии тестӣ ба қайд гирифта шудаанд. Миёни хатмкунандагони соли ҷорӣ фаъолони хониш хеле зиёд буданд ва онҳо низ дар озмуну дигар чорабиниҳои мактабӣ дар миқёси вилоят ва ҷумҳурӣ ҷойҳои сазоворро ба худ касб кардаанд. Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар озмуни «Ватанпарвар» дар ҳудуди вилояти Суғд ҷойи аввал ва ҷойи сеюмро миёни муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ сазовор гаштанд, ки барои як ноҳияи дурдасти сарҳадӣ ин комёбии назаррас маҳсуб меёбад.
Саодат Абдувализода аз муваффақияти шогирдони мактабҳои миёна — Муҳсинҷон Шерматов дар озмуни «Техникони наврас» (ҷойи аввал), Шоира Анорбоева дар озмуни «Китобхони беҳтарин» (ҷойи сеюм), З. Бозорова дар озмуни «Хаттоти беҳтарин» (ҷойи сеюм), хатмкунандаи МТМУ №2 Нигина Мирсаидова дар озмуни «Беҳтарин забондон» (ҷойи якум аз забони русӣ) ва Азиза Зокирова (ҷойи дуюм аз забони англисӣ), ки ҳамагӣ дар даври вилоятӣ ба даст омадааст, бо мамнуният ёдоварӣ намуда, дар ин замина саҳми волидонро махсус қайд менамояд, ки маҳз таваҷҷуҳи пайвастаи падару модарон сарчашмаи муваффақияти маорифчиёни ноҳия гаштааст.
Иттиҳоду сарҷамъии мардуми ноҳияи Спитамен, донишандӯзии фарзандони хеш ва рушди муассисаҳои таълимии ноҳия гувоҳи афкори маорифпарваронаи онҳо буд, ки сари ҳар қадам ба ташаббусҳои рӯйи даст гирифтаи мардум дар маҳал рӯ ба рӯ меомадем. Агар бо маблағгузориҳои Вазорати маорифи ҷумҳурӣ дар маркази ноҳия сохтмони бинои нави шуъбаи маориф ба поён расад ё таъмиру тармими асосии муассисаи таълимии №13 анҷом шавад, пас мардуми атроф аҳлу ҷамъ сохтмони бинои иловагии панҷошёнаро дар МТМУ №3 барои 640 нафар хонанда бо шароити муосир оғоз намудаанд, ки аллакай таҳхона ва ошёнаи якуми он ба анҷом мерасад.
— Мардумони саховатпеша ҳатто хӯроки устоҳоро низ ба зиммаи худ гирифтаанд, — мегӯяд қаноатмандона мудир. Ба ҳамин миқдор хонанда дар як басти таҳсил, чанде пеш мардуми саховатпешаи Ҷамоати деҳоти Истиқлол дар назди муассисаи таълимии №9 низ бинои чорошёнаи иловагиро ҳусни оғоз бахшиданд.
Норасоии синфхонаҳои таълимӣ дар мактаби №15 Ассотсиатсияи волидону омӯзгоронро бетараф нагузошт, ки тариқи ҳашар мардуми маҳал бунёди 8 синфхонаи иловагӣ-ро дар деҳаи Куркат ибтидои аввали соли хониш оғоз бахшида, аллакай онро анҷом дода истодаанд. Дар МТМУ №20 низ соҳибкорони маҳаллӣ бунёди 8 синфхонаи иловагӣ бо толори варзишӣ, ошхона ва маҷлисгоҳро ба дӯши худ гирифтаанд, ки то кунун дар он маблағи 220 ҳазор сомонӣ сарф гардидааст. Корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи дуюми бинои иловагии муассисаи таълимии №30 низ дар марҳалаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Саодат Абдувализода, ки аз ошноии муассисаҳои таълимӣ моро ҳамроҳӣ мекард, чанд мактаби дигари ноҳияро ном гирифт, ки тариқи ҳашар ва дастгирии саховатмандони диёр таъмиру тармим шуда истодааст. Сохтмони бинои алоҳидаи китобхона дар назди МТМУ №32, толори варзишӣ дар ҳудуди мактаби рақами 28 хуб ҷараён дорад. Мардуми саховатпешаю маорифпарвар дар МТМУ №15 тирезаҳои пешинро бо навъи пластикӣ иваз намуда, ошхонаҳои чанд мактаби ноҳияро дар ҳаҷми аз 15 то 30 ҳазор сомонӣ навсозӣ намуданд, ки маҷмӯи корҳои анҷомёфта аз тарафи мардум то ин дам 545 410 сомонӣ-ро ташкил менамуд.
Дар ҷавоби ин ҳама ғамхорию дастгириҳои зодмандону саховатмандони диёр ҳайати омӯзгорон тамоми донишу малака ва маҳорати касбии хешро сарф менамоянд, ки сифати таълиму тарбияро дар муассисаҳои таълимӣ хуб ба роҳ монанд. Бо ин амали нек онҳо дар тарбияи ватандӯстӣ ва худогоҳии ҷавонону наврасон таъсири мусбат мегузоранд.
— Ташкили маҳфилу чорабиниҳои фарҳангӣ ва суҳбату вохӯриҳо бо аҳли илму адаб ва шахсони рӯзгордида, ки аз нақшаҳои ҳамешагии маорифчиёни ноҳия аст, дар ташаккули маънавӣ ва ҷаҳонбинии насли наврас бе аҳамият буда наметавонад, — бо ризоият меафзояд мудири шуъбаи маорифи ноҳия.
Рустами НАЗИР
Душанбе – Спитамен – Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо










