Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Дилбастаи кӯҳистон
Илм ва маорифАз пайроҳаи сангфарши кӯҳӣ, ки субҳи пуртароваташро садои чашмаҳои мусаффо ва атри бодовардаи гулу гиёҳҳои кӯҳиву себзорони пастдаштҳои Чилдухтарон ҳусну таровати ногуфтанӣ бахшидааст, бонуи хушчеҳрае сӯи маркази ноҳия раҳсипор аст. Бошандагони рустои Таги Тутои деҳкадаи Чилдухтарон ҳузури ӯро дар ин гӯшаи диёр тазоди зиндагӣ мегуморанд, ки чӣ гуна нозанини шаҳристонӣ муҳити фарҳангиву ҳаёти пурнишотро дар шаҳри ободу зебо сарфи назар бинмуда, андар ин дурдасти кӯҳистон зиндагӣ ихтиёр кардааст.
Оминапочо Сафарова аз зумраи омӯзгорони миёни мардум соҳибэҳтиром аст, ки соли 2015-ум ҳамроҳи ҳамсару фарзандонаш аз шаҳри Кӯлоб ба ин рустои навобод кӯчида омад, то норасоии омӯзгоронро дар мактабҳои ин ҷо пурра намояд. Гӯи сарнавишт ӯро барои ояндасозӣ андар ин диёр баргузидааст, ки бо меҳру муҳаббати бузург ҳама ҳастии худро ба кори таълиму тарбияи насли ояндаи рустои навобод мебахшад. Аз бозе роҳбарии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46, Ҷамоати деҳоти Чилдухтарони ноҳияи Муъминободро бар зимма дорад, сар аз корҳои ободониву бунёди синфхонаҳои иловагӣ, то беҳбуди сифати таълим ва нишондиҳандаҳои самти таълиму тарбия, ба дастоварду навовариҳо ноил гардидааст.
Тавре иқрор меояд, ӯву ҳамсараш, ки яке аз фанни забони русиву дувумӣ аз фанни таърих ва ҳуқуқ дарс мегӯянд, то кӯчидан ба деҳкадаи бостонии Чилдухтарон нахуст дар беҳтарин муассисаҳои таълимии Кӯлобшаҳри бостонӣ собиқаи омӯзгорӣ андӯхта буданд. Оминапочо баъди хатми Коллеҷи омӯзгорӣ муддати чаҳор сол дар МТМУ №13-и деҳи Зиракии шаҳри Кӯлоб дарс гуфта, ҳамзамон, донишҷӯи шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ ба ҳисоб мерафт.
Ёд дорам, лаҳзаи ба ин макони кӯҳсорони афсонавӣ омаданамонро, ки роҳҳои пуршебу фароз ва чангу ғубори хокраҳаи сангинро паси сар мекардем, боварӣ ба ободиву ба диёри орзуҳо табдил додани ин деҳи навгуна он сӯ истад, ҳатто зисту зиндагонӣ дар ин тикаи кӯҳистонро қаҳрамонӣ мешумурдам,- гуфт Оминапочо. - Хушбахтона, бо гузашти айём ончунон ба обу хоки ин макон меҳру муҳаббат бастаем, ки дигар аз ин ҷо хоҳони берун рафтан надорам. Ба боварам, ба гоҳи аёдати зодмандон ва шабро дар хонаи падарӣ сипарӣ кардан, эҳсос мекунам, ки ба гулу гиёҳ ва ҳар як дарахту ниҳолони кӯҳу ёлаҳо ва мактабу хонаи аз ишқу муҳаббат бунёд кардаи худ дилбастагии ногусастанӣ дорам. Чаро ки аснои сафар табиати хушбоду садои чашмасорон ва самимияти мардуми рустоҳои Чилдухтарон монанди қаҳрабо маро сӯи худ ҷазб мекунанд.
Ибтидои кору зиндагӣ дар рустои Таги Туто, ки бошандагони он дар манзилҳои ангуштшумор мезистанд, мушкилиҳо ва ҳам фазилатҳои хоси худро дошт. Аз рӯзҳои аввали фаъолият дар ин кӯҳистони дурдаст аз лутфу меҳрубониҳои бошандагонаш рӯҳбаланд шуда, азм кардаам ҳамеша сазовори эҳтирому боварии онон бошам. Барои шахси омӯзгор аз ин дида унвону эътибори болотар нест, ки мардум дар симои ту устоду роҳнамои фарзандашро мебинад. Ҳамин сон, саршори эҳсосоти фараҳбахш ва ба дуои неки бузургсолони ин макон ба фаъолияти касбӣ пардохтам. Субҳи зиндагӣ дар ин буни баландиҳо бо як рӯҳияи фараҳбахшу шавқи сӯи мактаб шитобидан оғоз мегардад, ки дар ин боргоҳи орзуҳо шогирдони ташнаи илму дониш маро интизоранд. Боварии мардум ва меҳру самимияти насли наврас омӯзгори асилро водор месозад, ки баробари донишандӯзӣ дар замири шогирдон завқу рағбат ба меҳнати ҳалол, иштирок дар ҳашари поксозии роҳу кӯчаҳо ва меҳру муҳаббат ба Ватанро парвариш диҳад.
Дар муассисаи таълимие, ки роҳбариашро Оминапочо Сафарова ба уҳда дорад, дар ду баст 135 хонанда таҳсил менамояд. Аз соли 2015-ум соле 10–15 нафар навҷавон ин муассисаи таълимиро хатм мекунад. Пайки хушоянд ин сол аз сол афзудани омори дохилшавии хатмкунандагони мактаб ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ аст. Аз ҷумла, соли хониши сипаришуда ду нафар дастпарвари мактаб, ки донишгоҳҳоро ба итмом расонд, дар қатори устодони хеш ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохт.
Деҳаи Таги Туто аз маҳаллаҳои навбунёди Ҷамоати деҳоти Чилдухтарон буда, алъон ҳудуди 35 хоҷагӣ дорад ва дар канораҳои дуртар аз он чанд деҳаи иборат аз ҳамин миқдор аҳолӣ мавҷуд аст, ки кӯдаконашон таҳсилоти ибтидоиро дар филиалҳои МТМУ №46 ба итмом расонда, баъд аз синфи 5 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ таълим мегиранд.Ба итминони мусоҳибам дар идомаи пайкори ободонӣ, ки ба ифтихори ҷашнҳои фарахунда, дар рустоҳои деҳкадаи Чилдухтарон ҳам ҷараён дорад, ояндаи наздик дар мавзеъҳои мушкилгузари кӯҳистон ҳам роҳу пулҳо сохта шуда, мушкили рафту омади сокинон ба маркази ноҳия ва дигар рустоҳои минтақа осон мегардад.
Бону Сафарова дар доираи ваколатҳои вакилӣ, масоили сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, муҷаҳҳазгардонии синфхонаҳои фаннии МТМУ №46 бо ашёи таълимиву таҷҳизоти замонавӣ ва, ҳамчунин, бунёди бунгоҳи тиббӣ дар рустои Таги Туто ва зиёд кардани квотаи Президентро барои духтаракони фаъол дар Маҷлиси вакилони халқи Ҷамоати деҳоти Чилдухтарон ба миён гузошта, то имрӯз ҳамроҳи ҳамдеҳаву ҳаммаслакон бештари ин ташаббусҳоро анҷом додааст.
Дар соли таърихии Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ хонандаи синфи 9 Рақиба Ҳошимова дар даври вилоятии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни забони русӣ сазовори ҷойи сеюм ва хонандаи синфи 6 Имрон Абдуллозода дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика ҷойи дуюмро соҳиб шуданд.Пешоҳанги маорифчиёни ин рустои дурдаст, аз дастоварду навгониҳои шогирдон ва саъю талоши ҳамдиёрон дар арсаҳои корзор нерумандии тоза пайдо карда, баҳри ободиву ояндаи дурахшони ин хитаи бостонӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
ноҳияи Муъминобод
Мубодила:
Шарҳҳо










