БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ҳамқадами замон

Илм ва маориф

Донишандӯзӣ яке аз эҳсосҳои олитарин паҳлуҳои камолоти ӯ ба ҳисоб меравад. Илму дониш ба ӯ эътибор, қудрати маънавиву имконияти дурусти тарбияи насли наврасро фароҳам овард. Аз ин рӯ, ин бонуи поксиришт умри минбаъдаи худро ба соҳаи пуршарафи омӯзгорӣ бахшида, инак 22 сари сол аст, ки шогирдонро ба роҳи рост ва илму маърифат ҳидоят менамояд. 


Одинамо Шарифзода 14-уми январи соли 1980-ум дар шаҳри Кӯлоб дида ба дунё кушодааст. Қиблагоҳаш Пирназар Шарифов ронанда буду модараш Сокинамо Раҳимова хонашин…

Пас аз хатми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5-и ба номи Н. Крупская соли 1997-ум ба факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дохил шуда, онро соли 2022-юм хатм намуд. Ҳамзамон, ғоибона факултети иқтисодии Донишгоҳи мазкурро ба итмом расонда, дар ин самт низ фаъолият кард.

- Баъди хатми мактаб мехостам иқтисоддон шавам, аммо бо баъзе сабабҳо ба факултети филологияи руси ДДК дохил шудам. Пушаймон нестам, зеро ин ихтисос ба ман бисёр чизҳоро омӯхт… Пас аз дифои рисолаи номзадиам ба ихтисоси иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси иқтисод ва идора дар корхона ба Донишгоҳ дохил шуда онро соли 2016-ум хатм намудам. Солҳои 2016 - 2019 аз рӯи ин ихтисос, аз рӯи фанни назарияи иқтисодӣ фаъолият намудам, - гуфт Одинамо дар оғоз.

Бону Одинамо аз соли 2004-ум дар ДДК ба номи А. Рӯдакӣ машруфият дорад. Фаъолияташ аз кафедраи забон ва адабиёти рус ва хориҷӣ ҳамчун омӯзгор оғоз шуд. Солҳои 2008-2012 дар аспирантураи Донишгоҳи мазкур дар мавзӯи «Подготовка будущих учителей к эстетическому воспитанию учащихся в процессе учебной и во внеклассной работе» дифоъ намуда, аз соли 2019 тибқи қарори Шурои олимони Донишгоҳ дотсенти дохилӣ ва соли 2023-юм бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби унвони дотсент гардид.

Дар вазифаҳои муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ, мудири кафедраи забони ҳозираи рус, раиси Шурои муҳаққиқони ҷавони ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, муовини раиси Шурои олимони ҷавони вилояти Хатлон, сардори бахши мониторинг ва назорати сифати таҳсилот, декани факултети филологияи рус, дотсенти кафедраи забони ҳозираи рус фаъолият кард. Алҳол ба симати муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолият дорад. Бону Одинамо дар конфронс ва намоишҳои илмӣ-назариявӣ ва илмӣ-амалии сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат меварзад…

Муаллифи 56 мақолаи илмӣ, 1 монография, 2 китоби дарсӣ, 2 дастури методӣ мебошад. Мавсуф дар таълиму тарбияи ҷавонон, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос нақши муҳим бозида, фаъолияташ боиси ифтихор ва намунаи ибрати ҳамкорон аст. Аз файзи пешаи омӯзгорӣ духтару писарашро ба воя расонда, соҳибмаълумоту оиладор намудааст…

- Алъон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ даҳ факултет амал намуда, тайёр кардани мутахассисон аз рӯйи 63 ихтисос ба роҳ монда шудааст. Духтарон бештар самти омӯзгориро меписанданд. Ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик дар байни духтарон авлавият дорад.

Дар факултети забонҳои хориҷӣ низ донишҷӯён зиёданд. Онҳо эҳсос менамоянд, ки омӯзиши забонҳои англисӣ, русӣ ва немисӣ низ имконияти хуби корӣ дар муассисаҳои таълимӣ фароҳам меорад, - ироа намуд бону Одинамо.

Солҳои охир таваҷҷуҳи духтарон ба ихтисосҳои иқтисодӣ, молия ва баҳисобгирии муҳосибӣ низ рӯ ба афзоиш аст. Мавҷудияти хобгоҳи муосири донишҷӯдухтарон дар назди Донишгоҳ шароити мусоид барои таълими духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ба донишҷӯён мувофиқ аст. Ба хотири ҳифз ва эҳёи мероси фарҳангӣ дар назди Донишгоҳ Маркази омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ созмон дода шудааст. Донишҷӯёни хоҳишманд, метавонанд касбу ҳунарҳои миллиро аз худ намоянд, ки бо ин восита ҳунарҳои мардумӣ ҳифз шуда, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба таъриху маданияти худ тавассути эҷод роҳандозӣ мегардад.

Барои 45 нафар донишҷӯи имконияташ маҳдуд, ки аз он 15 нафар ятим аст, як қатор имтиёзҳо ва дастгириҳои иҷтимоӣ пешбинӣ шудаанд. Донишҷӯёни ниёзманд бо хобгоҳ ва маводи таълимӣ таъминанд.Дастгирии ин донишҷӯён ҳангоми имтиҳонҳо яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ маҳсуб меёбад.

Барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва ҷалби бештари донишҷӯён ба омӯзиши фаъол, раванди дарсҳо бо истифода аз технологияҳои муосир, аз ҷумла, усулҳои аудиовизуалӣ ва рақамӣ ба роҳ монда шудааст. Аудиторияҳо бо таҷҳизоти муосири технологӣ, проекторҳо ва тахтаҳои электронӣ, ки барои маводи аудиовизуалӣ имконият фароҳам меоранд, таъминанд. Онҳо аз маводи мултимедиявӣ, китобхонаи рақамӣ ва платформаҳои таълимии фосилавӣ бо интернети босуръат истифода мебаранд.

- Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо донишгоҳҳои хориҷӣ ҳамкории доимӣ дорад. Бо чандин донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ созишномаи ҳамкориро ба имзо расондааст. Ҳамасола даҳҳо нафар устодону донишҷӯён барои таҷрибаомӯзӣ, омӯзиши забонҳо ва иштирок дар ҳамоишҳои илмӣ ба хориҷ сафар мекунанд.

Донишгоҳ бо марказҳои илмии Россия ва донишгоҳҳои пешрафтаи Ӯзбекистон робитаи мустаҳками шартномавӣ дорад. Бо семинарҳои онлайнӣ ва лоиҳаҳои муштараки байналмилалӣ фаъолона иштирок менамояд. Дар ДДК донишҷӯён аз кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, – зикр намуд устод.

Донишҷӯён дар озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» ва «Магистранти сол» иштирок намуда, соҳиби диплому ифтихорномаҳо гаштаанд. Дар навбати худ, раёсати Донишгоҳ мекӯшад, то барои иштироки донишҷӯён дар озмунҳо ва олимпиадаҳои фаннӣ шароити мусоид фароҳам оварда, ғолибонро қадр намояд.

Бо медали Хизмати шоиста (2026), нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон, ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, «Беҳтарин олими ҷавон»-и ИДМ дар Ҷумҳурии Қазоқистон, «Беҳтарин омӯзгор»-и ИДМ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва ғайра сарфароз шудааст.

- Мо, имрӯз дар диёри биҳиштосо нафаси озод мекашем. Таблиғоти бонувон барои нигоҳ доштани фарҳанги миллӣ ва забони модарӣ саҳеҳ дониста мешавад. Мо ҳамеша дар пайи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастем. Ҳар нафаре, ки имрӯз аз боду ҳавои Тоҷикистони соҳибистиқлол озодона нафас мекашад, бояд ба қадри ин сарзамини биҳиштосо бирасад ва дар рушди он саҳм бигирад, - афзуд дар фарҷом Одинамо Шарифзода.

Мадина БАЛАҶОНОВА,

шаҳри Кӯлоб


Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_10_2026_small.pdf [3.33 Mb] (зеркашиҳо: 6)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон