БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Тақвияти заминаи моддӣ-техникӣ омили омодасозии кадрҳои баландихтисос

Илм ва маориф

    Дар соли таҳсили 2023-2024 дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз рӯйи 2 зинаи таҳсил - бакалавр ва магистратура 4505 нафар ин Донишгоҳро хатм намудаанд, ки аз ин шумора 53 нафар соҳиби дипломи аъло гардиданд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Маҳмадалӣ Қурбонзода, ректори донишгоҳи мазкур иттилоъ дод.

Бинобар иттилои манбаъ, дар ин давра шумораи умумии донишҷӯёни Донишгоҳ 18 790 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 8340 нафар ҷавондухтарону бонувон мебошанд. Айни ҳол дар 42 кафедраи ДДБ ба номи Носири Хусрав 19 нафар докторони илм, 203 номзадҳои илм ва дигар омӯзгорони унвондор ба таълиму таҳқиқоти илмӣ машғуланд. Давоми нимсолаи дувуми соли таҳсили 2023-2024 ба неруи илмии донишгоҳ 16 нафар устодони дараҷаи илмӣ шомил гардиданд.

Дар ин муассиса аз рӯи 94 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд. Мавриди зикр аст, ки имрӯз дар ин муассисаи олии таълимӣ 486 нафар донишҷӯён тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил доранд. Аз ин ҳисоб дар донишгоҳ 27 нафар ятимони кулл, 281 нафар нимятим ва 54 нафар маъюбон таҳсил доранд.

Донишгоҳ бо мақсади рушду пешрафт ва ба даст овардани дастовардҳо дар самти таълиму тарбияи кадрҳои ҷавони соҳаҳои гуногун бо 70 ташкилоту муассиса ва корхонаҳои истеҳсолӣ шартномаҳои ҳамкорӣ дорад.

Ҳамзамон, дар давраҳои таҷрибаомӯзӣ тибқи шартномаи Донишгоҳ бо 35 муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Кӯшониён, Левакант, Бохтари вилояти Хатлон ва  ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ сафарбар карда мешаванд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар доираи шартнома ва қарордоди ҳамкориҳо Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо 32 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шартнома ва қарордоди ҳамкориҳоро ба имзо расонидааст. Дар доираи ин санадҳои ба имзо расида, тадбирҳои муҳиме ҷиҳати табодули таҷрибаи устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштараки таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодони донишгоҳҳо, навиштани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, гузаронидани курсҳои такмили омӯзгорон ва ғайраҳо амалӣ гардида истодааст.

 Ҷамолиддин САЙФИДДИНОВ,

Далер ШАРИФОВ,

шаҳри Бохтар                        

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_МАХСУС_small.pdf [3.23 Mb] (зеркашиҳо: 3)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон