Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Рисолати як омӯзгор
Илм ва маорифДер боз атрофи фаъолияти ин бону меандешам, то пораеро аз рӯзгори ширину ибратбахшаш қисса кунам. Қаҳрамони мо омӯзгорест, ки мӯйи сараш дар ин ҷода ба сафедӣ омада. Ӯ Арафамоҳ Мирмадиева, муаллими яке аз муассисаҳои таълимии ноҳияи Фархор мебошад. Пешаи интихобкардааш на аз рӯйи ҳавову ҳавас, балки аз замири қалби ӯст. Ҳанӯз мактабхон буд, ки шавқу шӯри омӯзгорӣ дар ниҳодаш маъво гузошт. Ҳар гоҳе ки паси миз менишасту гӯш ба дарси муаллимон медод, беихтиёр худро дар ин пеша тасаввур мекарду дар назар чеҳраи нуронии шахсеро медид, ки тамоми ҳаёти хешро баҳри тарбияи насли наврас бахшидааст. На танҳо аз омӯзгорон, балки аз волидонаш ҳам мешунид, ки барои саводнок шудану ба роҳи рост рафтани инсон муаллим нақши созгор дорад.
Панди устодаш, ки гуфта буд: «Аз батни модар касе шоиру адиб, меъмору табиб ба дунё наомадааст, заҳматҳои муаллим аст, ки инсонҳо аз ҷое ба ҷое мерасанд», дар сабти хотираҳои мактабиаш бо ҳарфҳои хоно навишта шудаанд. Баъди ин андарзро шунидан, муҳаббати Арафамоҳ ба пешаи омӯзгорӣ рӯз аз рӯз бештар мешуд ва ҳамин меҳру муҳаббату садоқатро ӯ дар фаъолияти наздик ба сӣ соли омӯзгориаш исбот намуд, ки муаллим, воқеан ҳам, равшангари дилҳо ва ҳидоятгари роҳи рост дар зиндагии ояндаи шогирдон аст.
Арафамоҳ Мирмадиева баъди хатми Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб то соли 1992 муаллими синфҳои ибтидоӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳр буд. Бонуи ташнаи донишу маърифат ҷиҳати такмили пешаи интихобкардааш ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб номи А. Рӯдакӣ ҳуҷҷат супурда, соли 1995 онро бо ихтисоси муаллими фанни риёзӣ бо муваффақият хатм намуд ва аз ин фанни дӯстдоштааш дар синфҳои болоӣ дарс доданро барои шогирдон шуруъ кард.
Айни ҳамин солҳо издивоҷ намуда, кору зиндагии хешро дар ноҳияи Фархор оғоз бахшид. Омӯзгори ҷавон бо равияҳои хос дар андак вақт ба дили шогирдонаш роҳ ёфт ва дар мактаби миёнаи № 2 гурӯҳи математикҳои ҷавонро ба ҳам овард. Дар андак вақт сафи шогирдонаш аз фанни риёзӣ бамаротиб афзуда, бо донишу заковати хеш дар озмуну викторинаҳои ноҳиявӣ комёб шуданд.
Қобилияти баланду таҷрибаи андӯхтаи Арафамоҳ Мирмадиеваро ба назар гирифта, соли 2000-ум дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2 ба номи С.Айнӣ ӯро директор таъин намуданд, ки то лаҳзаҳои кораш муассисаи таълимӣ миёни макотиби шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб аз мактабҳои намуна буд.
Соли 2010 роҳбари МТМУ № 59-и ноҳияи Фархор таъин шуд. Аз рӯзи аввали ба мактаб қадам мондан, муаллимони муассисаро маслиҳат дод, ки шогирдонро бо чеҳраи кушодаву хандон пешвоз гиранд ва дар баробари таълим, одобу ахлоқи ҳамида ва гуфтору рафтори некро низ ба онҳо омӯзонанд. Худ дар баробари роҳбарӣ аз фанни риёзӣ бо меҳр ба мактаббачаҳо дарс мегуфт. Мекӯшид шогирди хуберо ба воя расонад…
Арафамоҳ Мирмадиева пешаи интихобкардаашро пурифтихор, бошараф ва муқаддас медонаду барои соҳибмаърифатии аҳли ҷомеа, худшиносию худогоҳии мардум хизмати омӯзгорро аввалдараҷа медонад. «Муаллим бо ақл, бо хирад, бо таҳаммул муносибат мекунад. Бурдбор аст, сабур аст ва заҳмат ба харҷ медиҳад, то наслро ба камол расонад», - мегӯяд ӯ бо ифтихор. Воқеан, он ҷо, ки қадами муаллим расид, нури хирад, нури маърифат, нури дониш, нури солимии тафаккур ҳувайдост. Ва, албатта, он ҷое, ки ин нур пайдост, шароиту имконияте ҳаст, ки мардум аз он баҳраманд шаванд.
Устод мудом ғарқи дарёи дониш, ғарқи анбуҳи китоб, шабзиндадору ҳамқадаму ҳамнафаси қаламу дафтару китоб аст. Меомӯзад, то баҳри ҷомеа насли созандаву бунёдкорро ба воя расонад. Шодиаш аз он аст, ки вазифаву масъулияти душворро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз тифли инсониятро тарбия менамояду дониш меомӯзонад. Ба андешаи ӯ, хуррам онест, ки сазовори номи бузургу ин касби пуршараф бошад, чун омӯзгорӣ касби ниҳоят пуршараф аст ва омӯзгор касест, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯю навоварист.
Арафамоҳ Мирмадиева ҳафт сол боз роҳбарии МТМУ № 3-и ноҳияи Фархорро ба дӯш дорад. Барои тарбия ёфтану ба камол расидан ва бузург гаштани ҳар як шогирд кӯшиши беандоза масраф месозад. Мояи ифтихор медонад, ки дастпарвари мактаб Ойиша Сафарова, яке аз ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», соли гузашта бо гирифтани имтиёз донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино гардид. Дилфуза Аскаралиева аз толибаҳои хурдсоли муассиса, имсол ба даври ниҳоии Озмун омодагӣ мегирад.
Роҳбари кордон, омӯзгори соҳибфарҳангу модари ғамхор ва бибии ҳафт набераи дӯстрӯяк Арафамоҳ Мирмадиева нақши бонувонро дар ҷодаи омӯзгорӣ, ки аксари муаллимони муассиса аз шумули занҳост, муҳим арзёбӣ намуда, омӯзгорро шахсияти бузург ва нотакрор мехонад. Тобиши зиндагиву чархи ҳаёт бори дигар ба ӯ собит месозад, ки давлати муаллим шогирдонаш мебошанд. Ӯ аз пешрафту комёбии онҳо ифтихор мекунаду аз ҷодаи интихобнамудааш шукргузорӣ. Ва ҳамакнун меафзояд, ки дар мушкилтарин даврони соҳибистиқлолӣ омӯзгорон дар хидмати халқу Ватан буданд ва, хушбахтона, имрӯз ҳам онҳо дар назди давлату ҷомеа қадру манзалати зиёд доранд.
Рустами НАЗИР