БОЙГОНӢ
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷъ | Шб | Яш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
«Афсона»-и Данғара
Илм ва маорифБа ақидаи Гулнигор, эҷодкориву навоварӣ дар машғулиятҳо имконият медиҳанд, ки рушди зеҳнии кӯдак хуб инкишоф ёбаду ақидаашро озодона баён карда тавонад. Дар ин росто, мураббӣ боғбонеро мемонад, ки рушду нумӯи ниҳолони навруста ба ӯ вобастагии бештаре доранд. Аз ин хотир, пайваста мекӯшем, то мураббиёни мо тавонанд дар шахсиятсозии тифлакон саҳим бошанд. Аз навгониву пешравиҳои соҳа мудом бохабару баҳри такмили ихтисос дар талошанд.
Гулнигор Холназарова аввал ҳамшираи шафқати Муассисаи давлатии томактабии «Афсона»-и ноҳияи Данғара буду муддати зиёд аз саломатии тифлакон бохабар, вале муҳаббати кӯдакон ӯро ором нагузошту шуғлашро иваз карда, ихтисоси таҳсилоти томактабӣ - равоншиносиро омӯхт, то аз дунёи софу беолоиши онҳо бохабар бошад. Ҳамин аст, ки имрӯз ӯро аҳли кормандони боғча эҳтиром мекунанду кӯдакон модарвор дӯсташ медоранд. Муносибати хуби ин бону қимати ӯро миёни ҳамкорон боло бурд. Роҳбарии муассисаро ба дӯш дораду муносибати хуберо бо ҳампешаҳо ба роҳ мондааст, маслиҳату машваратҳояшро аз онҳо дареғ намедорад.
Дар боғчаи «Афсона»-и ноҳияи Данғара 230 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Дар кӯдакистон мураббияҳои соҳибтаҷриба ба онҳо тарбияву таълим медиҳанд. Бо дастгирии роҳбари муассиса онҳо аз тарзу усули нави таълим ва таҷрибаи пешқадам бохабар, баҳри такмил додани ихтисос сафарбар мегарданд.
Гулнигор Холназарова роҳбарест, ки аз комёбии мураббиён хушҳол мешавад. Дар машғулиятҳои мо мудом иштирок намуда, аз бурду бохтамон ҳарф мезанад. Муҳит ва шароити кории созгор дорем. Ҳамарӯза тариқи шабакаҳои интернетӣ аз пешравиҳои илму техника, навгониҳои илм, усулҳои дарсгузарии дигар боғчаҳои давлатҳои пешрафтаи дунё бохабарем, - меафзояд мураббия Гулбаҳор Комилова.
Аввалин кӯдакистон дар Тоҷикистон соли 1921 ташкил шуда буд, ки 140 нафар кӯдакро дар тарбия дошт. Ёдовар мешавем, ки соли 2024 теъдоди муассисаҳои томактабӣ дар Тоҷикистон ба 717 адад расида, дар онҳо 104 ҳазору 921 кӯдак таълиму тарбият мегирад, ки дар муқоиса ба соли гузашта 10 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 2396 нафар кӯдак зиёд мебошад. Дар ҷумҳурӣ 140 муассисаи томактабии хусусӣ бо фарогирии 11 ҳазору 593 нафар кӯдак ва 22 Маркази инкишофи хусусӣ бо фарогирии 693 нафар кӯдак фаъолият менамоянд. Дар маҷмуъ, фарогирӣ ба зинаи томактабӣ 201 ҳазору 467 нафар ё 20,2 дарсадро ташкил медиҳад.
Бо мақсади таҷдиди мундариҷаи таълиму тарбияи томактабӣ «Нақшаи таълимии намунавии муассисаҳои таҳсилоти томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2025» таҳия карда шуд. Минбаъд хештаншиносӣ, забони давлатӣ ва забонҳои русиву англисӣ дар гурӯҳҳои ғайритоҷикӣ чун машғулияти ҳатмӣ ҳафтае 2 маротиба таълим дода мешавад.
Ҳамчунин, ҷадвали басти воҳидҳои кории муассисаҳои томактабӣ, таҷдиди назар карда шуда, мураббии марказ (гурӯҳ)-и инкишофи барвақтии кӯдак ва омӯзгорони фанҳои забони русиву англисӣ ҳамчун воҳиди алоҳидаи корӣ ворид карда шуд.
Дарвоқеъ, касби омӯзгорӣ пешаи пурзаҳмат, вале ҳамоно пуршараф аст. Рисолати омӯзгор тарбияи инсони комил буда, дар ниҳоди шогирд бедор намудани беҳтарин фазилатҳои инсонист, ки тариқи таълими ҳадафрас метавон ба он ноил шуд. Мо умед дорем, ки заҳматҳои доимии мураббияҳои ноҳияи Данғара самараи нек меоранд ва ин кӯдакон оянда баҳри рушду нумӯи Ватан хизмат хоҳанд кард.
Фарзона ВОСЕЕВА,
Душанбе-Данғара-Душанбе