Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Аввалин литсей дар Хистеварз
Илм ва маориф14-уми ноябри соли 2023 барои сокинони деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи басо хотирмон буд, зеро боз як кошонаи донишу маърифат, мактаби типи нав, дари худро ба рӯи талабагон боз кард. Дар маросими кушодашавии Литсейи № 1-и деҳоти мазкур Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат намуданд.
Дабистон аз 4 ошёна иборат буда, барои ҳазор нафар хонанда пешбинӣ шудааст. Он дорои 48 синфхонаи барҳаво, ки ҳамчун кабинетҳои фаннӣ ороиш ва таҷҳизонда шудаанд, аз ҷумла кабинетҳои фаннии химия, физика, биология бо озмоишгоҳҳо, кабинети технологияи иттилоотӣ бо таҷҳизоти техникӣ ва дигар фанҳои таълимӣ иборат аст. Инчунин, дар муассиса китобхона бо толори хониш, майдончаҳои варзишӣ, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, ошхона бо 200 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ бо 270 ҷойи нишаст бунёд гардид.
Хушоянд аст, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвари азизамон обруву эътибори омӯзгор ва мавқеи ҷамъиятии ӯ боз ҳам боло рафт. Ба ин, пеш аз ҳама, сиёсати хирадмандонаю маорифпарваронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
Ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад ва ин соҳа афзалиятнок эълон шуда, бидуни маорифи пешрафта ва таълиму тарбияи шоистаи насли наврас мо Ватани худро ободу муваффақ дида наметавонем.
Дар ин соҳа як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ қабул шудаанд, ки дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати таълиму тарбия мусоидат мекунанд. Аз ҷумла, эълон гардидани солҳои 2020–2040 «20-солаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва қабул гардидани «Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021–2025» аз тадбирҳое мебошанд, ки ба ҷараёни омӯзиши фанҳои таълимӣ беҳбудӣ мебахшанд. Назорати дурусту таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳои барномаҳои давлатӣ буд, ки дар ҷумҳурӣ сохтмони таълимгоҳҳои нав ва ба таври замонавӣ муҷаҳҳаз гардондани онҳо сол аз сол беҳтару бештар мегардад. Сохта ва ба истифода дода шудани мактабҳои шакли нав – литсею гимназияҳо низ яке аз падидаҳои муҳими даврони истиқлоли давлатӣ ба шумор меравад.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мактабҳои шакли нав – гимназияҳо, мактаби хонандагони болаёқат ва муассисаҳои таълимии хусусӣ мавҷуданду дар муддати муайян мавқеи устуворро дар миқёси ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ касб намудаанд.
Дар ноҳия муассисаи таълимии шакли литсей нахустин аст ва он таҳсили хонандагони болаёқатро дар равияи табиӣ-математикӣ бо омӯзиши амиқи фанҳои технологияи иттилоотӣ, математика, физика, биология, химия, география, забони тоҷикӣ ва забонҳои хориҷиро таъмин менамояд. Ба муассиса хонандагон тариқи озмун қабул мешаванд ва омӯзгорони ботаҷриба ба кор даъват гардидаанд.
Тибқи нақшаи таълимии литсей таълими дарсҳои иловагӣ аз фанҳои дақиқ–табиатшиносӣ, математика, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ ба роҳ монда шуд. Инчунин, фаъолияти маҳфилҳои фаннии «Арифметикаи зеҳнӣ», «Математикон», «Химикони ҷавон» ба роҳ монда шуд, ки барои омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ мусоидат мекунанд. Баҳри омӯзиши амиқи забонҳои русию англисӣ дарси иловагии ин фанҳо ва бо дархости падару модарони хонандагон омӯзиши забони чинӣ низ дар шакли маҳфил созмон ёфт.
Дарвоқеъ, амалисозии барномаҳои таълимии Ҳукумати кишвар ва шароитҳои фароҳамоварда ба рушди соҳаҳои илму маориф мусоидат кард ва зарур аст, ки аз имконоти мусоид ҳадафмандона истифода бурда, дар раванди дарс аз технологияҳои муосир ва усулҳои фаъоли таълим васеъ истифода бурда, насли ватандӯст, худшинос ва навовару ояндасозро тарбият намуда, баҳри рушди босуботи Тоҷикистон саҳми босазо гузорем.
Алҳол хонандагон барои иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон –
Ватани азизи ман» омодагӣ мебинанд. Дар ин ҷода маъмурият ва омӯзгорони муассиса аз хонандагони болаёқат Шукрона Ҳоҷибоева, Хусрави Давронзод, Райҳона Болтуева, Муъминҷон Рӯзиев, Хушбахт Ғаффоров, Меҳрона Зуҳурова ва дигарон умед доранд.
Нигина ҶӮРАЕВА,
директори МД Литсейи № 1-и
ноҳияи Бобоҷон Ғафуров