БОЙГОНӢ

«    Феврал 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
2425262728 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Бонуе бо унвони академик

Илм ва маориф

Дар бораи академик Муҳиба Яқубова зиёд шунидаву ғоибона ба ҷасорату матонати ин бонуи матин эҳтиромро қоил будам. Фурсате даррасид, то бо ин бонуи огоҳу донишманд суҳбате ороям. Рӯи адабиёти зиёде аз илми дақиқ, аниқтараш химияву биология чашм хира мекардам, то дар бораи дунёи ин бонуи собитқадам фаҳмише дошта бошам.

Назди дари шуъбаи илмҳои биологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳаяҷони амиқе маро фаро мегирад, ки бо донишманде ба ин бузургӣ чӣ гуна метавон суҳбати муносиб анҷом дод? Бонуе дидам ҳалиму хоксор ва дарёфтам, ки бузургон аз бузургии хеш ҳаргиз наменозанд.

Дафтарчаи қайдҳое ҳамеша рӯи дасти ин бонуи пуркор аст, ки куҷое масали дилчаспе шунавад ё ба зеҳнаш андешаи тозае ояд, фавран рӯи варақ сабт менамояд. Саҳфае аз онро боз карда, нигоштаи Алберт Эйнштейнро бароям мехонад:

«Ҳар қадаре омӯзам, ҳамон қадр дарк месозам, ки бисёр чизҳоро намедонам» ва ба гуфтаи ин нобиғаи ҷаҳонӣ мувофиқ буданашро иброз медорад. Саҳфа мегардонаду аз гуфтаҳои волои ҷоизадори Нобел Леонид Капитса ҷумлае меорад.

Имсол ба марзи баҳори 88 гом ниҳад ҳам, пайваста ба илму пажӯҳиш масруф асту дар ҷустуҷӯи асрори табиат дар такопӯ, заифӣ дари зеҳнаш накӯбидааст ва осоре аз парешонии хотирро дар ӯ наметавон пай бурд. Сад шукр, ки аз хазинаи донишаш ҷавонон метавонанд дурдонаҳо барчинанду барои рушди илми биология ва химия дар кишвар хизмат намоянд.

 

Муҳиба Яқубова доктори илмҳои биологӣ, профессор, узви пайвастаи АМИТ аз рӯи ихтисоси физиология ва биохимияи рустанист. Хатмкардаи факултети биологияи Университети давлатии Тоҷикистон буда, соли 1959 ин боргоҳи илмро бо дипломи сурх поён бурдааст.

Замоне, ки дар Институти физиология ва биохимияи рустаниҳои Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон (1961 – 1968) фаъолият менамуд, бо супориши роҳбари илмиаш Юсуф Носиров ба колхози ба номи Шаталови ноҳияи Кӯлоб фиристода шуд, то сабаби зардшавии баргҳои пахтаро дар ин колхози овозадор муайян созад. Барои рафъи бемории ин навъи рустанӣ ва барқарор намудани ҳосилнокии он чанд муддат заҳмат кашид ва соли 1965 дар мавзуи «Оид ба масъалаҳои биосинтези пигментҳои пластидӣ дар пахта» ба ҳимояи рисолаи номзадӣ даст ёфт. Он овон ҳамагӣ 27 сол дошт.

Солҳои 1968 – 1974 мавсуф ҳамчун дотсенти кафедраи физиологияи рустании Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин пайи кор буда, кафедраи биохимияи факултети биологияро бунёд гузошт ва тули 36 сол (1974 – 2010) мудири кафедраи мазкур буд. Соли 1984 дар мавзуи «Хусусиятҳои функсионалӣ ва ташкили сохтори аппарати фотосинтетикии дорои фаъолияти баланд» дар Институти физиологияи рустаниҳои К.А.Тимирязеви АИР Москва рисолаи докториро аз рӯи ихтисоси «физиологияи рустанӣ» дифоъ намуд.

Соли 2010 ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва мудири шуъбаи илмҳои биология ва тибби Академия интихоб шуд.

Номбурда яке аз ташаббускорони таъсис додани сохтори нави илмӣ дар Академия буд, ки ба ин тариқ, бо қарори Президиуми АМИТ соли 2011 Муассисаи давлатии илмии «Маркази биология ва тибби инноватсионӣ» бо ду озмоишгоҳ - бехатарии биологӣ ва тибби инноватсионӣ таъсис дода шуд ва бонуи донишманд ҳамзамон роҳбарии ин марказро ба уҳда дошт. Дар озмоишгоҳи дувум ҳамроҳ бо шогирдонаш барои омӯхтани хусусиятҳои табобатии рустаниҳои маҳаллӣ кори илмӣ бурда, ду навъи дору – «Азгиман» ва «Гепатрин»-ро ихтироъ карданд, ки яке барои рафъи норасоии оксиген ва дувумӣ барои табобати бемориҳои ҷигар пешбинӣ шуда, дар ҳамкорӣ бо Институти илмиву тадқиқотии гастроэнтерологияи ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардидааст. Бо роҳбарии ӯ се рисолаи докторӣ ва 17 рисолаи номзадӣ дифоъ гардида, ҳоло роҳбари илмии 4 докторант ва 7 аспирант мебошад.

Муҳиба Яқубова муаллифи беш аз 400 корҳои илмӣ ва илмию методӣ, аз ҷумла китоби дарсии «Биохимияи растанӣ», 15 дастури таълимию методӣ ва 11 монография мебошад. Вай узви Президиуми АМИТ, шуроҳои илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Институти ботаника, физиология ва генетикаи рустаниҳои АМИТ, узви шуроҳои илмии Академия, шурои координатсионӣ оид ба физиология ва биохимияи рустаниҳои АМИТ, раиси Ҷамъияти биохимикҳои Тоҷикистон, раиси Шурои махсусгардондашуда оид ба ҳимояи рисолаҳои докторӣ аз рӯйи ихтисоси «биохимия», аъзои Шурои махсус оид ба ҳимояи рисолаҳои доктории Институти ботаника, физиология ва генетикаи рустанӣ, узви Президиуми Ассотсиатсияи байналмилалии «Амарант» (Ҷумҳурии Чехия), узви Шурои ҷамъиятӣ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Соли 1995 бо ташаббуси бону Муҳиба «Ассотсиатсияи олимаҳои Тоҷикистон» созмон дода шуд, ки то ҳол роҳбарии онро ба уҳда дорад. Соли 2007 мавсуф бо маърузаи «Ҷанбаъҳои биохимиявии фаъолияти системаҳои зинда» 35-ум хонандаи хонишҳои Ибни Синои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино гардид.

Устоди арҷманд бо нишони Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон, нишони «Барои муваффақияти аъло дар меҳнат»-и Вазорати маълумоти олии ИҶШС, медали «Ветерани меҳнат» ва даҳҳо ифтихорномаву медалҳои ҷашнӣ қадр шуда, соли 1995 барои хизматҳои шоён дар рушди илми тоҷик ба гирифтани унвони «Ходими шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» шарафёб гардид. Соли 2007 бо Ҷоизаи ба номи Е.Н. Павловскийи АМИТ ва соли 2018 бо Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника қадр шудааст. Озмоишгоҳи биохимиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба шарофати ин бонуи корсолор номгузорӣ шудааст.

Муҳиба Яқубова ҳамсари Шоири халқии Тоҷикистон равоншод Ғаффор Мирзо буда, соҳиби ду фарзанд - Гулбаҳор Мирзоева (алҳол режиссёри кино, дар Фаронса умр ба сар мебарад) ва Баҳодур Мирзоев аст. Дар китоби шарҳиҳолии хеш «Риштае пайвандгари вақт» («Времен связующая нить») Муҳиба Яқубова зиндагӣ ва роҳи душвори дар ҷодаи илм тай намудаашро муфассал нигоштааст. Порае аз хотироти он овонро ба ёд оварду табассум даври лабонаш шукуфт:

Вақте дар курси 4-ум мехондам, устод Мирзо Турсунзода ва чанде дигар ба хостгорӣ омаданд. Азбаски Ғаффор Мирзо аз хурдӣ ятим буд, зуд ба қалби волидонам маъво ёфт, ки розӣ шуданд. Агарчи аз ман бузургтар буд, хостаи падару модарро натавонистам рад кунам. Аммо пеши ӯ шарте гузоштанд, ки монеи роҳи илмии ман нагардад.

Соли панҷуми таҳсил ба таҷрибаомӯзӣ рафтаму пасон духтарам таваллуд шуд. Ҳамагӣ чор моҳ дошт, ки ба аспирантура дохил шудам. Кӯдакро аввал ба доя, баъд ба кӯдакистон додам. Се сол пас писар ба дунё овардам. Тули 10 сол дар бинои Совети Вазирон, дар наздикии Фурӯшгоҳи марказии шаҳри Душанбе сукунат доштем. Баъди ин ба зистгоҳи барои нависандагон ҷудошуда кӯч бастем. Мизи корӣ доштаму шабҳои дароз ба навиштани корҳои илмӣ масруф мешудам. Бо дунёи шоир зистан кори на саҳл буд. Боре аз ҳамсарам хоҳиш кардам, ки як лексияамро аз фанни химия ва биология аз русӣ ба тоҷикӣ баргардонад. Пешгуфтори онро тарҷума карду хаставу ошуфта: «Гиред, ин лексияатонро, аз ина тарҷума кардан беҳтараш ду шеър менависам», - гуфт. Бахшида ба фарзандон ва ман шеърҳо низ эҷод карда буд, ки онҳоро дар китобам овардаам.

Муҳиба Муҳсиновна аз умре, ки сарфи хизмати халқ намудааст, ризост. Падару модар, бародарону хоҳарон, ҳамсар ва фарзандон, хуллас аз пайвандони азизи хеш ба хубӣ ёд меораду шук­ри сарнавишт мегӯяд. Шогирдони зиёдеро ба арсаи илм ворид намудааст, ки якеи он Акобир Мирзораҳимзода ҳоло ноиби президенти АМИТ асту аз устодаш ризову ихлосманд.

 Мо ҳамроҳ бо Муҳиба Муҳсиновна тадқиқот мебурдем ва он айём талаботи кафедраи биохимияи ДМТ, ки устод роҳбараш буданд, ба талаботи кафедраҳои Донишгоҳи давлатии Москва ва Санкт-Петербург баробар буд, - мегӯяд ӯ.

Аз мусоҳибам мепурсам, то ба ҷавонон, ки ояндаи Тоҷикистони азиз аз ҳушу рой ва ташаббускориҳои онҳо вобаста аст, маслиҳате диҳанд. Андаке ба хаёл рафту гуфт:

 Ба як-ду дастоварди худ ҷавонон набояд мағрур шаванд. Мушоҳида мебарам, агар имрӯз номзади илм шуданд, мекӯшанд ҳарчи зуд ба ҳимояи рисолаи докторӣ даст ёбанд. Ин фосила вақт, заҳмат ва таҷрибаи зиёд мехоҳад. Вақту соаташ расад, худи онҳо дарк месозанд, ки омодаанд. Нахуст ҷомеа онҳоро бояд чун мутахассиси хуб ва олим қабул созад. Фикру ақидаҳо бояд пухта бошанд, мисли ҷанини батни модар, ки нуҳ моҳ пур шуд, тавлид мешавад ва ё мева ки пухт, ба замин меғалтад. Ҳине, ки рисолаи докториро дар Москва ҳимоя мекардам, олимони рус мегуфтанд, ки доктори илм бояд ҳадди ақал се номзади илмро омода созад ва чун олим бояд шинохта гардад.

 Бо вуҷуди эътибору шаъни бузург чӣ гуна метавон то ин ҳад фурӯтан буд, – мепурсам аз ӯ.

Посухаш аз волоии манзалати инсон башорат овард:

Бузург будан чист? Бар он маъност, ки бо шикастанафсӣ хидмати дигаронро ба ҷо орӣ, дар ҳоле, ки бо мақом аз онҳо волотарӣ…

 Ситора АШӮРОВА

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_01_2025_small.pdf [3.91 Mb] (зеркашиҳо: 17)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон