БОЙГОНӢ

«    Феврал 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
2425262728 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Афсона не, ҳақиқат!

Илм ва маориф

 Роҳи нави мумфарш, ки аз шоҳроҳи Душанбе - Турсунзода ҷудо гардида, то даромадгоҳи ширхоргоҳ - кӯдакистони №2-юми «Моҳичаи тиллоӣ»-и ноҳияи Шаҳринав тул кашидааст, тақрибан 8 км дарозӣ дошт. Мо, ки тавсиф аз роҳи калону ҳамвор ва суфта, ҳамчунин, таърифи роҳсозони устокорро мекардем, ронандаи мошин низ ба гап даромад:

Ин роҳи нав соле пештар бо ибтикори Умар Кремлёв, президенти Ассотсиатсияи ҷаҳонии бокс (AIBA) навсозӣ шуда, мавриди истифода қарор гирифт. Умар Назарович, ки зодаи Шаҳринав аст, агарчи дур аз Ватан зиндагӣ ихтиёр карда бошад ҳам, дар фикри ободонии зодбум мебошад. Кӯдакистоне, ки шумо онро диданиед, бо ташаббуси ҳамин ҷавони сахопеша бунёд ёфтааст. Бинои ширхоргоҳ хеле замонавӣ ва назаррабо буда, дилхоҳ падару модарон орзу мепарваранд, ки фарзандонашон дар чунин боғча таълиму тарбия гиранд…

Кӯдакистон, воқеан олами афсонаро мемонд. Бинои муассиса хеле хуштарҳ ва замонавӣ буда, аз ду ошёна ва таҳхона иборат аст. Атрофи боғчаро суҳбаткадаҳо, ки барои тафреҳи кӯдакон сохта шудаанд, ҳалқавор печондаанд. Сабзаҳои ҳамешасабзи гирду атрофи боғча олами рангини кӯдаконро зеботару дилчасптар гардондаанд.

Дар саҳни ҳавлии муассисаи томактабӣ моро мудири ширхоргоҳ-кӯдакистон Таҳмина Юнусова истиқбол гирифт. Ҳини вориди муассиса шудан, пеш аз ҳама, диққати моро тозагӣ ва бонизомӣ дар ҳуҷраҳои хоби кӯдакону толори варзишӣ ҷалб намуд. Ҳамчунин, бо дидани тартиб дар ошхона, ки барои тановули хӯроки чошти кӯдакон аллакай онро омода карда буданд, ҳаваси кас меомад.

Дар муассиса барои таълиму тарбияи кӯдакон ҳамаи шароит, лавозимоти омӯзишӣ ва фароғатию дилхушӣ муҳайё мебошанд. Ҳоло, ки фасли сармост, дар ҳар гурӯҳ ва роҳравҳои дохили бинои боғча фаршҳои гарм насб гардидаанд.

Аз дур садои оҳанге, ки бо пианино навохта мешуд, форам ба гӯш мерасид. Ин оҳанги хуш моро сӯйи худ кашид. Дар толори барҳаво кӯдакон бо муаллими мусиқӣ ба ҷашни Соли нави милодӣ омодагӣ доштанд…

 Алҳол, роҳбари мусиқии боғча Қудратулло Шарифов, ки яке аз мутахассисони варзидаи соҳаи мусиқӣ мебошад, бо кӯдакон ҳафтае ду маротиба соати мусиқӣ мегузаронад. Вале, гоҳе, аз сабаби набудани асбобҳои мусиқӣ, дар кори муаллим мушкилӣ пеш меояд.

 Чанде пеш соҳибкори ватанӣ Умар Кремлёв омада, аз шароити будубоши боғча дидан намуд ва аз набудани асбобҳои мусиқӣ дар толори мусиқӣ ба андеша рафт ва ваъда дод, ки рӯзҳои наздик ин камбуд бартараф шуда, толори мусиқии муассиса бо созҳои мусиқии миллӣ ва ҳам замонавӣ таъмин мешавад, - гуфт мудири кӯдакистон.

Таҳминабонуро меҳр ва муҳаббати беандоза доштанаш ба кӯдакон ба боғчаи бачагон овард. Ӯ соли 2013 фаъолияташро аз ҳамин муассисаи томактабӣ оғоз намуд. Ҳамон сол бо тавсияи бонуи кордону таҷрибаандӯхта ва мураббии собиқадор Дилафрӯз Азимова ба бахши педагогика ва психологияи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода дохил шуд. Пас аз хатми он, факултаи педагогика ва психологияи томактабии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро низ ба итмом расонд.

 Ошноии мо бо Умар Кремлёв дӯстии хонаводагист. Замони хурдсолиамон ҳавлии ду оила барои мо, кӯдакон, як ҳавлӣ маҳсуб меёфт. Бо оғоз ёфтани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хонаводаи Умарино ба кишвари Россия кӯч баст. Солҳо аз ҳам ҷудо будем. Бо гузашти вақт Умар дар ҳаёт роҳи худро пайдо намуда, ҳамчун варзишгари маъруф номвар гардид. Бо гузашти солҳо ёди Ватан ӯро ба зодгоҳ овард. Баъди дидорбинӣ бо хешу табор, аз ҳолу аҳволи дӯстони бачагӣ, рафиқону наздикон, омӯзгорон ва ҳамсабақон хабар гирифт, - ифшо менамояд Таҳминабону.

 Дар баробари ин, Умар аз боғчаи кӯдакон, ки дар наздикии хонаашон мавқеъ дошт, дидан кард. Миёни мураббияҳо ӯ дӯсти замони кӯдакиаш Таҳминаро дарёфт. Аз нигоҳи аввал ӯро шинохт.

 Ҳангоми вохӯрӣ бо аҳли кормандони боғча нигоҳи Умар Назарович ба ман афтода, ҳайратӣ шуда, пурсид, ки ин ҷо чӣ кор мекунам? Гуфтам, ки мураббия ҳастам. Баъди суҳбати кӯтоҳ ваъда дод, ки боғчаро пурра навсозӣ намуда, онро ба таври замонавӣ ва барои шумораи аз ин бештари кӯдакон ба истифода хоҳад дод, - иброз дошт Таҳмина Юнусова.

Умар Кремлёв ба ваъда вафо кард. Дар ҷойи кӯдакистони якошёна бинои нави замонавӣ қомат афрохт. Алҳол, дар 10 гурӯҳ беш аз 350 кӯдаки аз якунимсола то ҳафтсола ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Беш аз 40 корманд, ки шумораи зиёдашон бонувонанд, ба нигоҳубин ва тарбияи кӯдакон шуғл доранд.

Қутбия НЕЪМАТУЛЛО,

Душанбе – Шаҳринав – Душанбе

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_01_2025_small.pdf [3.91 Mb] (зеркашиҳо: 15)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон