БОЙГОНӢ

«    Октябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Таъминкунандагони рушди устувори давлат

Илм ва маориф

Хушбахтона,  шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар партави дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҳукумати мамлакат амал намуда, барои пешрафти ҷомеа ва тарбияи насли солиму ояндасоз кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Бино ба гуфти мудири шубаи маориф Манзура Олимӣ, дар ҳудуди ноҳия 93 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, асосӣ ва ибтидоии шакли моликияташон гуногун фаъолият дошта, дар ҳамаи намуди муассисаҳои таълимӣ 77 ҳазору 897 нафар хонанда, аз ҷумла 38 ҳазору 633 нафар духтар ба таълиму тарбия фарогиранд, ки ин рақам нисбат ба соли таҳсили гузашта 326 нафар зиёд аст. Ба ин теъдоди хонандагон 4574 нафар омӯзгор, аз ҷумла 3898 нафар зан дарс мегӯяд.

Имрӯз фаъолияти таълиму тарбиядиҳандагони 137 муассисаи таълимии шакли моликияташон гуногун, 83 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей, гимназияҳои хусусии «Нур», «Сафина», мактабҳои хусусии «Амид», «Дурахшандагон», «Мактаби хусусии Хистеварз», ду гимназияи давлатӣ, мактаб-интернати махсус, мактаб-кӯдакистони хусусӣ, 7 маркази таҳсилоти иловагӣ, 22 муассисаи томактабии тобеи шуъбаи маориф, муассисаи томактабии хусусӣ ва 4 муассисаи томактабии тобеи ташкилотҳои дигарро дар қаламрави ноҳия номбар намудан мумкин аст, ки ҳамарӯза баҳри омӯзондани дониши мукаммал ба шогирдон заҳмат мекашанд.

Дар муассисаҳои таълимӣ тамоми шароит барои сабақомӯзӣ ва бо таҳсил фаро гирифтани наврасону ҷавонон фароҳам оварда шудааст. Ҳар сол бо ибтикори Ҳукумати ҷумҳурӣ ширхоргоҳу кӯдакистонҳо, муассисаҳои таълимии типи нав сохта, ба истифода дода мешаванд. Дар оғози моҳи апрел дар ноҳия боз як муассисаи томактабӣ оғӯши худро барои тарбиятгирандагон боз намуд, ки дар расми ифтитоҳи он Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзиданд. Ба ин баробар дар деҳоти Хистеварз бинои нави таълимии Литсейи № 1 барои 1000 нафар хонанда дар як баст, бинои таълимии иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 40-и деҳоти Хистеварз иборат аз 8 синфхона барои 240 хонанда дар як баст, бинои таълимии иловагии Муассисаи таълимии томактабии №14 «Ситораҳои дурахшон»- и деҳоти Дадобой Холматов барои 200 нафар кӯдак ба истифода дода шуданд. Ҳамчунин, дар ин муддат бинои таълимии иловагии Муассисаи таълимии № 22 барои 240 хонанда дар як баст мавриди истифода қарор гирифт.

Боиси сарфарозист, ки моҳи апрели соли ҷорӣ бинои кӯдакистоне барои 128 кӯдак дар деҳаи Мусаффои деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба истифода дода шуд, ки боиси хурсандии модарону кӯдакони маҳал гардид.

Муассисаи таълимии томактабӣ соли 1968 ҳамчун кӯдакистони хоҷагии ҷамоавии ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев (собиқ хоҷагии ҷамоавии «Москва») сохта шуда, солҳои охир дар ҳолати табоҳ қарор дошт. Он дорои як бинои таълимии иборат аз ду гурӯҳ барои 60 кӯдак пешбинӣ гардида буд.

Имрӯз 200 кӯдаки деҳаи Мусаффо метавонад дар шароитҳои наву замонавӣ ба таълиму тарбия фарогир шуда, аз имкониятҳои замони муосир баҳравар гардад, зеро бинои дуошёнаи кӯдакистон дорои имкониятҳои васеъ аст. Ҳамчунин, кӯдакистон метавонад дар як вақт 30 нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намояд.

Мусаллам аст, ки самти афзалиятноки соҳаи маориф иштироки хонандагон дар озмун ва олимпиадаҳои фаннист. Хушбахтона, дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ 164 хонандаи муассисаҳои таълимӣ ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гашт, ки нисбат ба соли гузашта 18 нафар зиёд аст. Бо ин нишондод дастаи олимпии хонандагон дар вилоят ба гирифтани ҷойи якум ва дар сатҳи чумҳурӣ ба ҷойи сеюм сазовор гардид. Ҳамчунин, дар ноҳия аз ҳисоби хонандагони болаёқат гурӯҳҳои олимпӣ таъсис ёфта, он давоми сол, мунтазам фаъолият мебарад.

Ҳамасола баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат», «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ба ҳукми анъана даромада, барои васеъ намудани дониши иштирокдорон мусоидат менамояд. Сокинони касбу кори гуногуни ноҳияи овозадори Бобоҷон Ғафуров низ донишу малака ва маҳорати хешро назди ҳакамон санҷида, ба боварии ҷомеа сазовор шуданд. Агар дар даври ҷумҳуриявии озмуни ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики МТМУ № 54 Муяссар Қориева ба гирифтани мақоми дуюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 35 ҳазор сомонӣ сазовор шуда бошад, хонандаи Муассисаи махсусгардондашудаи хонандагони болаёқат Парвиз Болтубоев дар ин озмун ҷойи ифтихориро ноил гардид. Мураббияи Муассисаи таълимии томактабии № 4-и ноҳия Марҳабо Бобоҷонова дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббияи соли Ҷумҳурии Тоҷикистон - 2023» ба гирифтани ҷойи дуюм мушарраф гашт.

Дар даври ниҳоии озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» 7 хонанда, аз ҷумла як нафар ҷойи якум, панҷ нафар ҷойи дуюм ва як нафар ҷойи сеюмро ишғол намуданд, ки нисбат ба соли гузашта 4 ҷой зиёд аст. Хонандаи синфи 11-и МТМУ № 34-и деҳоти Хистеварз Фармон Бобоев дар ин озмун ҷойи якумро ишғол намуда, соҳиби 35 ҳазор сомонӣ, 5 нафар ишғолкунандагони ҷойҳои дуюм, ҳар яке бо 25 ҳазор сомонӣ ва хонандаи ҷойи сеюмро ишғол намуда, бо 15 ҳазор сомонӣ мукофотҳои пулӣ сарфароз шуданд.

Баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва саводомӯзии ҳар иштирокдори он мусоидгар буд. Дар озмуни мазкур хонандаи синфи 11-и МТМУ № 10-и деҳоти Ёва Абдуҷалил Сайдалиев ҷойи якумро сазовор гашта, ба 35 ҳазор сомонӣ мукофоти пулӣ соҳиб гардид. Хонандаи Гимназияи № 1-и шаҳраки Ғафуров Асмоа Қурбонова бошад, ҳамчун ҷоизадор ва гирандаи мақоми дувум сазовори 25 ҳазор сомонӣ гашт.

Эълон шудани солҳои 2020–2040 ҳамчун «Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ» аз ҷониби Пешвои миллат таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаро ба худ ҷалб намуда, муассисаҳои таълимӣ ва донишгоҳҳо бо таъмини компютерҳо ва дигар воситаҳои технологияҳои замонавӣ сатҳи дониш¬азхудкунии хонандагонро баланд мебардоранд ва дар самти вориди технологияҳои замонавӣ, аз ҷумла компютеркунонии муассисҳои таълимӣ, таъмини синфхонаҳо бо тахтаҳои электронӣ корбарӣ доранд.

Айни замон дар муассисаҳои таълимии ноҳия 66 кабинети фанни физика, 66 кабинети фанни химия, 40 кабинети фанни география, 54 кабинети фанни биология, 114 кабинети фанни технологияи информатсионӣ ва 75 кабинети фанни математика ва дар маҷмуъ, 417 кабинети фаннии таълимӣ фаъолият дорад.

Бори нахуст дар миқёси кишвар маорифчиёни ноҳия озмуни «Хакатон»-ро ба роҳ монда, дӯстдорони фанни технологияи иттилоотӣ, барномасозонро ба ҳам оварданд. Ҳакамони озмун аз ҷониби устодони таълимгоҳҳои олӣ нахуст ғолибонро дар ин самт муайян карданд.

Маҳз натиҷаи кӯшишу заҳмат ва саъю талошҳои масъулини соҳа буд, ки давоми амали барномаи қабули хонандагон ба мактабҳои олии кишвар тариқи Квотаи президентӣ (1997–2022) 291 нафар (163 духтар) хатмкардаи муассисаҳои таълимии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ихтисосу равияҳои омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳангӣ, техникию технологӣ ва кишоварзии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуданд.

Гули ҶАҲОН,

ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_08_2024_small.pdf [4.23 Mb] (зеркашиҳо: 39)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон