БОЙГОНӢ

«    Март 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Рӯзгоре аз омӯзгоре

Илм ва маориф

Зиндагии онҳо аз мардуми маҳал фарқ мекард. Падару модар соҳибмаълумоту обрӯманди ноҳия буданд. Рӯзгори кӯдакон низ зери назорати махсуси зодмандон қарор дошт. Онҳо аз реҷаи кашидаи волидон берун намебаромаданд.

Замира Бадалова духтари ноздонаи хонавода, талабаи аълохони мактаби №1-уми ноҳияи Рашт маҳсуб меёфт. Вай ба пешаи омӯзгорӣ муҳаббати зиёд дошт. Аз ин рӯ, ба шавқ ба дарси муаллимон диққат дода, пайрави онҳо шудан мехост. Орзуи деринааш чун кабӯтарҳои водӣ баландпарвоз гардид.

Имрӯз бо ифтихор номи ӯро дар қатори омӯзгорони собиқадори мактаби рақами №1-уми ноҳия мегиранд. Шогирдонаш аз ҳар гӯшае ба дидори муаллими забони русияшон меоянд…

Замирабону шуруъ аз соли 1986 ба фарзандони ноҳия дарси забони русӣ меомӯзонад. Ӯ ба он бовар аст, ки хонандагон пеш аз омӯхтани забони хориҷӣ, бояд забони модарии худро дар сатҳи хуб донанд. Дар ин сурат омӯхтани забонҳои дигар осон мегардад.

Ҳамеша ба хонандагон таъкид мекунам, ки забони модариро хуб омӯзед, дар бораи нозукиҳои забони модарӣ маълумоти зиёд пайдо созед. Чуноне Гёте мегӯяд: «Шахсе, ки ақаллан як забони хориҷиро намедонад, ӯ дар бораи забони модарии худ ҳеҷ чизро намедонад».

Барои омӯхтани забонҳои хориҷӣ чанд омилро мебояд ба инобат гирифт. Сатҳи фаҳмишу азхудкунии хонандагон гуногун аст. Омӯзгорро зарур аст, ки ба ҳар хонанда мувофиқи фаҳмишу даркаш муносибат намояд.

 Мо – омӯзгорон, муваззафем, то ба бача фаҳмонда тавонем, ки омӯхтани забони хориҷӣ имкониятҳои бештар, яъне имконияти таҳсил дар хориҷи кишвар, пешбурди кор бо шарикони хориҷӣ, имконияти кор дар ташкилотҳои хориҷӣ, имконияти ҷалби сармояи хориҷӣ, имконияти бо муваффақ муаррифии лоиҳа ва ё ширкати худ дар дилхоҳ намоишгоҳҳои сатҳи гуногуни хориҷиро ба рӯи ту боз мекунад, - иброз медорад З. Бадалова.

 

 Нигаронӣ

Муаллим аз он нигарон аст, ки имрӯз аксари наврасон ба телефону интернет мароқи бештаре доранду дар омӯзиши дониш сатҳӣ эътибор медиҳанд. Ин падидаи навзуҳур дар тарбияи насли наврас бетаъсир намондааст. Вақте қувваи зеҳнии наврас бештар сарфи бозиҳои интернетӣ мешавад, барои дарсхонӣ вақти кам мемонад. Ин ҳолатро бояд падару модарон дар хона ҷиддӣ назорат баранд. Волидон барои пайдои маводи муфид роҳнамои фарзанд бошанд.

 Омӯзгор, дар баробари донишу маҳорати касбӣ, бояд завқу хоҳиши баланди дарсгузарӣ дошта бошад. Агар вай завқ ба кор надошта бошад, дарси ӯ хасакӣ мегузарад. Хонандагони имрӯз бисёр зираканд, барои ҷалби хонанда ба дарс бо якояки онҳо дар гуфтугӯ будан зарур аст. Ба ҳама имкони суханронӣ карданро додан лозим аст. Имконияти баробар ба хонанда шавқу завқ, ҳисси боварӣ ба худ доштанро дар онҳо бедор мекунад,- иқрор меояд ӯ.

 Оилаи солим

Дар рӯзгори ин бонуи покзамир, ба андешаи нависандаи амрикоӣ Ричард Дэвис, метавон розӣ шуд: «Муҳаббат дар издивоҷ то замоне боқӣ мемонад, ки зану шавҳар ба андешаҳои ҳамдигар таваҷҷуҳ доранд». Аз суҳбати бону ҳис намудем, ки зиндагии хуберо бо ҳамсар паси сар намуда, чаҳор фарзандро тарбия карда соҳибмаълумот намудаанд. Эшон дар вуҷуди фарзандон ҳисси зебоипарастиву одамгариро парвардаанд, ки имрӯз ҳар кадоме дар самти худ соҳибэҳтиром аст. Ба ақидаи ин бонуи омӯзгор садокату поквиҷдонӣ, сабру таҳаммул доштан, решаҳои муҳаббатро дар оила мустаҳкам мекунад. Бо ҳамин андеша ӯ зиндагиро омӯхтаву сазовори ибрату ифтихори мардум гаштааст.

Ҳарчанд ӯ омӯзгор аст, ба кору рӯзгори хонавода дер намекунад. Аз ӯ мепурсем, ки боре ҳам аз ин касб дилмонда гаштаед? Бо як ҳисси боварӣ иброз медорад:

Не.Ин касб ба ман нону ном дод, бо луқмаи ҳалол фарзандонамро хонондам, оиладор кардам. Боре ҳам ношукрии ин пешаро ба дил набурдаам. Ҳамеша шукр мегӯям, ки омӯзгорам ва саҳми андакам дар ҷомеа мерасад. Вақте кӯча мебароям, нафаре маро муаллим гуфта муроҷиат мекунад, худро хушбахттарин инсони рӯи дунё меҳисобам, - ифшои роз менамояд мусоҳибам.

Омӯзгорӣ пешаи пуршарафу пурифтихор аст. Барои таълим додани дигарон заковати бештаре лозим аст. Муаллим дар ботини шогирд эҳтиром, муҳаббат, садоқату эҳтиром ба мардум ва ахлоқро мепарварад. Замира Бадалова аз ин зумра устодони собиқадори мактабу маорифи ноҳия аст, ки умри бобаракати худро дар ин пеша сипарӣ намудааст. Зиҳӣ устодон!

Бахшида ба истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бунёди 39 иншоот дар соҳаи маориф ба нақша гирифта шудааст. Соли 2024 дар назди 10 муассисаи таълимии ноҳия бинои нави иловагӣ сохта ба истифода дода шуд. Имсол ҳам бо мақсади рушди соҳаи маориф ба масъалаи бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад.

Фарзона ВОСЕЕВА,

Душанбе-Рашт

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_02_2025_.rar [4.4 Mb] (зеркашиҳо: 59)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон