Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Меҳрубони меҳрубон
Илм ва маорифМеҳрубон Алиева, ин духтари зодаи кӯҳистонро, ки дар чеҳраи ҷавонаш бештар меҳру муҳаббат ҳувайдо буд, беҳтарини беҳтаринҳо ва маҳбубтарин инсон дарёфтам. Дар зинаи умри ҷавонӣ гом мегузорад, аммо андешаҳои солору ботамкин ва пурбораш гувоҳ ба умри як бонуи собиқадори кору зиндагидида аст. Бешак, ин хислати ҳамидааш заҳматҳои шабонарӯзии ӯ барои дарёфти илму маърифат, аз худ кардани забонҳои русию англисӣ ва пос доштани забони ноби точикӣ аст, ки ба қавли ҳамсинфону шарикдарсони овони донишҷӯиаш, аз дари китобхонаҳо соате берун набуд. Меҳрубонро ҳини таҳсил, пас аз дарсу машғулиятҳои фаннӣ танҳо аз як гузор- китобхона суроғ кардану ёфтан мумкин буд, ёд меоранд дӯстони даврони ҷавониаш.
Меҳрубон хатмкардаи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода аст, ки ҳангоми таҳсил рӯзгораш дар Маркази таълимии «Сарвар», таҳти роҳбарии сиёсатмадори оқилу фарзона Бозгул Додхудоева сипарӣ гаштаасту аз он рӯзгорон хотираҳои зиёд дорад.
Муаллим модари сахтгир буданд, аммо дилсӯзу ғамхор, хусусан нисбат ба мо, духтарони деҳотӣ, - варақ мезанад китоби хотираҳоро ӯ. Ба ёдовариҳои Меҳрубон Бозгул Додхудоева, ки он замон роҳбарии муассисаро бар дӯш дошт, духтаронро як нафас ҳам беназорат гузоштан намемонд. Мекӯшид то аз вақти дар даст доштаашон самаранок истифода баранд ва ҳамеша бонувони ҷавонро таъкид менамуд, ки қимати вақту ҳар лаҳзаи фориғро ғанимат донанд. Гоҳе ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва гоҳе ба машғулиятҳои фанни ҳуқуқ духтаронро банд мекард. Нахуст, ки донистани забон онҳоро соҳиби касбу ҳунар ва ҷойи кор хоҳад кард, дувум лоақал духтарон дар зиндагии ояндаашон аз ҳуқуқҳои худ дифоъ карда тавонанд, меандешид бонуи дурбину дилсӯз, мушфиқу ғамхор Бозгул Додхудоева.
Ҳеҷ аз назарам дур намеравад симои гарму нуронӣ ва дар навбати худ чеҳраи дар сиёсат моилбудаи муаллими азизам, ки гоҳе рӯ ба рӯ меомад, ҳатман таъкид менамуд: «Духтари бофаҳми ман, ту аз табори марди донишманд ҳастӣ, умедҳои зодмандонатро дар замин нагузор, хуб хону бо сари баланд ба хона баргард». Шукрона аз панду насиҳат, на танҳо ман, балки ҳамаи духтардонишҷӯёне, ки аз мактаби ӯ гузаштаанд, аксар дар кору зиндагӣ муваффақ гаштаанд.
Меҳрубон баъд аз панҷ соли таҳсил дар Донишгоҳ ва сипарӣ шудани рӯзҳои пурбору хотирмон дар хобгоҳи Маркази таълимии «Сарвар» бо як олами пур аз донишу заковат ва фаҳмиши волояш ба зодгоҳ баргашт, ҳарчанд ки зиёд буд талаби дӯстону хоҳишмандонаш, ки дар шаҳр бимонад. Духтарак бо нияте, ки сафи донишандӯзони забони англисиро дар маҳал биафзояд роҳ сӯи зодбум гирифт. Рӯзҳои аввали корӣ, бо он ки маҳорати хуб ҳам дошт, аз устодону муаллимони соҳибтаҷриба сабақ меомӯхту ба нозукиҳои пешаи омӯзгорӣ бо диққат менигарист. Дар андак вақт мақоми худро дар мактаб миёни омӯзгорон пайдо намуд, ки сафи шогирдону хоҳишмандон дар риштаи забономӯзӣ рӯз аз рӯз боло мерафт. Хонандагони хушзавқ аз ӯ даъват ба амал оварданд, ки гурӯҳ шуда, пас аз дарсҳо ба онхо машғулияти иловагӣ гузаронад. Не нагуфту бо ин ҳам салиқаи худро афзуду ҳам бовариашро ба хонандагону волидонашон зиёд кард. Роҳбарияти муассиса ва ҳам шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт аз майли беандозаи Меҳрубон дар пешаи интихобкардааш хурсанд шуда, ба омӯзгори ҷавон таҳсину офарин мехонанд.
Аз он меболад, ки шогирдаш Ҷаҳонгир Олимов имрӯз дар яке аз созмонҳои хориҷии дар минтақа амалкунанда ҳамчун роҳбар фаъолият дораду Далер, Мансур ва Зебо бо донистани хуби забони англисӣ дар бахшҳои гуногун кор карда истодаанд. Чанди дигар пас аз таҳсил дар мактабҳои Амрико, ки таҳсилдидаи мактаби Меҳрубон Алиева ҳастанд, дар пойтахт кору зиндагӣ доранд. Шогирдон доимо бо устоди худ дар мукотибаанд. Омӯзгори соҳибтаҷриба маслиҳату машварати муфиди худро то ин лаҳзаҳо аз шогирдонаш дареғ намедорад.
Соли дуюм аст, ки Меҳрубон Алиева дар яке аз гимназияҳои ноҳияи Рашт ба ҳайси омӯзгори забони англисӣ фаъолияти пурсамари худро идома медиҳад. Аз пешаи интихобкардаи худ розӣ асту аз шогирдони то ба имрӯз ба воя расондааш дили лабрез аз шодию фараҳ дорад. Сари баланди ӯ миёни ҳамкорон ва атрофиёнаш садоқати ба кори омӯзгорӣ доштаву муваффақияти шогирдонаш дар ин ё он соҳа аст. Шод аст, ки ӯ онҳоро ба роҳи дурусти кору зиндагӣ раҳнамун сохта тавонисту шавқу завқи забони хориҷиро дар қалби мактаббачаҳои маҳал зинда нигоҳ медорад.
Аз фазои сулҳу субот ва оромии фазои кишвар, ки имрӯз ҳеҷ монеае садди роҳи донишандӯзии ҷавонон нест, бо табъи болида ба дабистон меояду бо самару бороварӣ аз дари он берун мешавад. Бо шукронаи зиндагии ободу тани солими фарзандонаш дар ҳар нафас ёд аз падари бузургвору аз устодони давраи мактабиаш Ҳабиба Саъдуллоева, Саидаҳмад Ҳоҷиев, Саломат Абдуразоқова, Ҷамила Маҳмадиева мекунад, ки дар таълиму тарбияи ӯ саҳм гирифтаву ба ояндаи неку дурахшон раҳнамунаш сохта тавонистанд.
Ин аст хулосаи андешаҳои як омӯзгори рустоӣ, ки дар ҷодаи интихобкарда ба қавли хеш хато накардаву имрӯз миёни ҳампешаҳову мардуми маҳал соҳибобрӯву соҳибэҳтиром гаштааст. Ва шоир ҳам дар ҳаққи ин зумра омӯзгорон дуруст фармудааст:
Куҷо ояндаи рӯшан тавон дид,
Набошад нури чашмони муаллим.
Ягон ҳосил ба хоки мазраи таб
Магар рӯйида бе дони муаллим?
Бидон парвозгоҳи миллати мо
Бувад дар рӯйи дастони муаллим.
заринаи РУСТАМ,
Душанбе - Рашт
Мубодила:
Шарҳҳо
