Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Барои омӯзиши забони англисӣ 700 соат кофист
Илм ва маорифСаъдӣ Тоирзода, омӯзгори ҷавони риштаи забони англисӣ, таъсисдиҳандаи Маркази омӯзишии «Забономӯз» дар шаҳри Кӯлоб аст. Ӯ хоҳишмандони забони англисиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо забони тоҷикӣ таълим медиҳад ва бо номи «Акаи Саъдӣ, як савол…» машҳур гардида, муштарии зиёдеро дорост. Мо оид ба забономӯзӣ, муҳлати азхудкунӣ, мушкилоти омӯзиш бо омӯзгори номошно суҳбате оростем.
Муҳаббати забономӯзиро кӣ дар дили Шумо маъво дод?
Омӯзиши забони англисиро бо роҳнамоии волидонам шуруъ кардам. Бисёртар модарам тарафдору завқманди он буд, ки забондон бошам. Он замон дар мактаби деҳаи мо забони англисӣ тадрис намешуд ва маҷбур шудам масофаи зиёдеро тай зада, ба мактаби дигар равам. Бо боварӣ ва роҳнамоии падару модар муҳаббатам ба омӯзиши забони англисӣ бештар гардид. Имрӯз аз ин пеша ному нони ҳалол ёфтам ва аз зодмандони арҷмандам миннатдорам.
Зарур мешуморед, ки кӯдакон аз синни боғчаравӣ пурра ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ пардозанд?
Фикр мекунам кӯдакон нахуст бояд забони модариашонро хуб омӯзанд, баъдан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ пардозанд. Шарт нест забони тоҷикии фарзандонро қурбони забонҳои хориҷӣ кунем ва сар аз боғча, онҳоро ба дигар забонҳо талқин намоем. Албатта, мумкин, ки ба онҳо якчанд калима омӯзонда шавад, аммо ба пуррагӣ ба як забони хориҷӣ вобаста кардани кӯдак хатост. Ва ин ба косташавии забони модарӣ оварда мерасонад. Имрӯзҳо мо ба даҳҳо ва садҳо нафароне вомехӯрем, ки бо забони модарии худ суҳбат карда наметавонанд ва сабабашро дар мактаби русӣ ё англисӣ таҳсил кардан мешуморанд. Барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳадди ақал аз синфи се ё чор шуруъ намудан беҳтар аст.
Бисёриҳо мехоҳанд забони англисиро зуд аз худ намоянд. Ба фикри Шумо?
Дар умум барои омӯзиши забони англисӣ ё дигар забонҳо мутахассисони соҳа 700 соати дарсӣ муайян карданд. Пас аз 700 соати дарсӣ шумо ба сатҳи хуби гуфтугӯ, навиштан, гӯш кардан ва хондан мерасед. Бинед, дар як моҳ марказҳо тақрибан 12–13 соати дарсӣ доранд.
Барои нафарони аз 30–40-сола боло, ки хоҳиши омӯхтани забонро доранд, чӣ гуна дарсҳоро тавсия медиҳед. Онҳо тариқи онлайн метавонанд забон омӯзанд?
- Барои ин синну сол дарсҳои фардиро тавсия медиҳем. Дар ин ҳолат омӯзгор вобаста ба тавоноии забономӯз барномаро зиёду кам мекунад ва дарсҳои амалӣ мегузарад. Дар синф ё гурӯҳҳо таълим гирифтан шояд натиҷаи хуб надиҳанд, зеро қобилияти ҳар кас дар ин синну сол гуногун аст. Омӯхтани забон чи онлайн ва чи офлайн натиҷа медиҳад, агар забономӯз иштироки пурра ба дарсҳоро дошта бошад. Айни ҳол дарсҳои онлайнӣ барои сарфаи вақт беҳтар аст. Дарсҳои онлайнӣ фақат дар як ҳолат метавонад натиҷа надиҳад, замоне, ки бе иштироки муаллим аст. Яъне, мисли видео дарсҳои шабакаи YouTube шумо танҳо дарсро мебинеду дигар амале иҷро намекунед. Ин намуди видео хоси дигар соҳаҳоянд, масалан таъмир, пухтупаз… Агар дарси онлайние дошта бошед, ки аз шумо вазифаи хонагӣ талаб мекунанд, пас ман ин курсро ба шумо тавсия медиҳам.
Дар чор соли фаъолият Маркази омӯзишии «Забономӯз» чӣ корҳоро ба сомон расонд?
- То ин муддат 800 видеодарс ва китоби «1001 калимаи зарурӣ»-ро таҳия намудем, ки 3000 забономӯз китобро аз дохил ва хориҷи кишвар харид. Ҳамчунин, барномаи омӯзишии мобилии «VOZHAOMUZ» бо забони англисӣ-тоҷикӣ таҳия намудем, ки 40 ҳазор забономӯз онро истифода мебарад ва дорои 8000 калимаи зарурӣ аст. Маркази омӯзишии «Забономӯз» бо ду забон: русӣ ва англисӣ тахфифи 50 фоиз барои ниёзмандон ва нимятимон дорад. Барои ятимони кулл бошад, мо 100 фоиз тахфиф дорем. Алҳол дар Маркази мо 15 нафар бо тахфифи калон ё пурраи ройгон забонҳои хориҷиро меомӯзад.
Мекӯшем дарсҳоро ба завқи хонандагон мутобиқ созем. Баъзан дарсҳо тавассути мусиқиҳои машҳур, филм ва бозиҳои шавқовар мегузаранд.
Чӣ гуна саҳифаи «Акаи Саъдӣ, як савол!» дар шабакаҳои иҷтимоӣ машҳур гардид. Омӯзиши кадом забонҳоро барои 10-соли оянда тавсия медиҳед?
-Сабаби машҳур шудани «Акаи Саъдӣ…» лаҳни содаву оммафаҳм ва ҳам роликҳои шавқовар аст, ки мо ба сомонаи Instagram ва YouTube ҷо додему дар он каме шӯхиҳо илова кардем, то диққати мардумро ба омӯзиши забон ҷалб созем.
Барои омӯзиши ҳатмӣ забонҳои англисӣ ва чиниро тавсия медиҳам, омӯзиши дигар забонҳо ихтиёрист.
Фарзона ВОСЕЕВА
Мубодила:
Шарҳҳо
