Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Тарбияи кӯдакон осон аст?!
Илм ва маорифБоре дар кадом як сафҳаи шабакаи иҷтимоӣ дар бораи тарбияи фарзанд чунин навиштае хондам: «Тарбияи фарзандро замоне кори осон шумурдан мумкин аст, ки он дар муҳити орому солими хонаводагӣ оқилона анҷом дода шавад. Он ҷое, ки таълим ва таҳсили кӯдакон бидуни стресс ё афсурдаҳолӣ сурат мегирад, муваффақият ба даст меояд».
ЮНЕСКО бо як тадқиқоти худ дар мавриди тарбияи кӯдак аз пажӯҳишҳои чаҳор омӯзгори асри гузаштаро дар ин самт ном бурд, ки онҳо Ҷон Дюи, Георг Кершенштейнер, Мария Монтессори ва Антон Макаренко мебошанд. Атрофи ин мавзуъ метавон ду роҳҳои чӣ гуна тарбия намудани фарзандро аз Антон Макаренко барои мисол овард:
1. Волидон на ҳар вақт бояд чун асп бошанд…
Воқеан, мо, волидон чун асп ҳамеша бар дӯш бори вазнини зиндагӣ аз пайи дарёфти ризқу рӯзӣ ҳастем. Ин аст, ки гоҳе «саргарм»-и борбардӯшӣ пас аз ба воя расидани фарзанд ҳатман ин суханҳоро аз онҳо мешунавем: «Шумо маро дӯст намедоштед! Ё ин ки барои ман чӣ кардед?» Волидон аз ин ҳарфҳо ошуфтаҳол шуда, ба ҷуз ин суханҳо чизе гуфта наметавонанд: «Ҳамааш барои ту буд!»
Кӯдакон ба воя мерасанд ва волидон аз қадр нашудани заҳматҳояшон дар азоби равонӣ мемонанд. Бале, ҳамаи заҳматҳои волидон барои он аст, ки ба фарзандон зиндагии бидуни камбудиҳоро фароҳам оранд. Либоси хуб ба бар дошта бошанд, дар мактабҳои беҳтарин (албатта, вобаста ба тавоноии падару модар!) таҳсил намоянд, мушкили иқтисодӣ надошта бошанд ва ғайра... Вале муҳимтарин чиз, яъне ВАҚТ -ро барои фарзанд бояд ҷудо кард! Бояд гуфт, ки сарвати бузургтарин барои кӯдакон - ин сарҷамъ будани аҳли хонавода мебошад, то ин ки дар ин фурсат онҳо тавонад хурсандиҳо ва фароғати хотирмон дошта бошанд.
Яъне, барои бо ҳам фароғат доштану маслиҳату машварат намудан бо фарзандон вақт бояд ҷудо кард. Кӯдакон бештар ба таваҷҷуҳи волидон ниёз доранд.
- Бале, ман ин нуктаро моҳе пештар дарк намудам. Бетаваҷҷуҳии ман, ки инро сабаб аз даст додани шахси наздикам буд, боиси ба ҳолати афсурдаҳолӣ дучор гардидани фарзанди 11-солаам шуд, ки он ба таълиму тадрисаш таъсири бад расонд, - мегӯяд як модар.
2. Дӯсти беҳтарини ӯ бошед
Дӯсти беҳтарини фарзанд будан ин на ба он маънист, ки ба тарбияи ӯ халал ворид созад. Ин дӯстӣ бояд дар ҷаҳорчӯбаи амиқ ҷой дошта бошад. Волидон нақши худро донанд, яъне маслиҳату машварати онҳо то ҳадде нарасад, ки кӯдак масъулияти фарзандии худро фаромӯш намояд.
Антон Семёнович тавсия медиҳад, ки маслиҳатҳои дӯстона ва ҳалли ҳама мушкили кӯдакон гоҳе бар зарари тарбияи кӯдак аст. Яъне, муносибат ончунон бошад, ки кӯдак ба қувваи худ бовар дошта бошад, то тавонад дар лаҳзаҳои мушкилӣ аз иҷрои ҳалли он барояд.
- Дар оилаи камбизоат ба воя расидам ва он хушиҳое, ки дар овони хурдиву наврасӣ надидам, ҳамчунин бо надоштани шароити молӣ дар ҷавонӣ байни ҳамсолон худро нороҳат эҳсос мекардам, хостам, фарзандам ҳеҷ гоҳ бо чунин ҳолат рӯ ба рӯ нашавад. Дар давоми умр тамоми ҳастиамро ба фарзандон бахшидам. Беҳтарин либосро пӯшондам, дар мактабҳои шартномавии машҳури кишвар таҳсил карданд, оиладор карда, соҳиби хонаву мошин ҳам кардам. Имрӯз бемори бистариам, дигар имкони пеш бурдани рӯзгори худро надорам, ки чӣ аз таъмини хонаводаи онҳо гӯям. Яъне, бидуни меҳнат кардан фарзанд ба мартабае ноил намешавад. Фарзандонро дар руҳияи меҳнатдӯстӣ тарбия мебояд, - мегӯяд ҳамсуҳбате.
Омӯзгорон ё ба истилоҳ “педагог”-ҳои машҳури ҷаҳон низ асосан ҳамин ду роҳи тарбияи фарзандро, яъне ҳар чӣ қадар наздикӣ доштан бо фарзандонро талқин менамоянд. Мегӯянд ҳамаи он маблағҳое, ки барои фарзанд сарф мешаванд, ҳеҷ арзише бо суҳбати чандлаҳзаина бо ӯро надоранд.
АНОҲИТО