Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Тарбиятгар
Илм ва маорифСолҳои охир мутахассисон аз ҳисоби занону духтарони кордону донишманд дар муассисаҳои давлатӣ афзуданд доранд, ки ин боиси пешравии ҷомеа аст. Яке аз чунин бонувони фаъол директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 75-и ноҳияи Ёвон Дилафрӯз Бобоҷониён мебошад. Ӯ ин вазифаро дар натиҷаи заҳматҳои софдилона ва боварию эътиқоди роҳбарияту мардум ба даст овардааст.
Замони мактабхониаш ҳамеша ҷӯёи илму дониш ва ҳамчун хонандаи пешқадам буд. Сардории синфро ба уҳда дошту дар маҳфилҳои идонаи дабистон пайваста ташкилгарӣ мекард. Дар дил орзуи рӯзноманигор шуданро мепарварид, зеро ҳар гоҳе, ки холааш Меҳриннисо Шамсиддинова, ки дар яке аз рӯзномаҳои пойтахт ҳамчун рӯзноманигор фаъолият дошт, меҳри ӯро ба ин касб дучанд менамуд. Пас аз хатми МТМУ № 10-и Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейни ноҳияи Ёвон ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супурда, сазовори номи донишҷӯ шуд.
Чун он айём баъди ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ буд, зодмандон ба духтарон иҷозаи давом додани таҳсилро намедоданд. Қиблагоҳам Бобоҷон Сироҷиддинов мехостанд, ки ҳуқуқшинос шавам, аммо чун диданд, ки дар азмам устуворам, дуои некам доданд, ки рӯзноманигор шавам.
Духтари ҷиддиву нотарс танҳо дар ёди хондан шабро рӯз мекард. Гарчанде борҳо мавриди таҳдиду таҳқири гурӯҳҳои силоҳбадаст қарор гирифта бошад ҳам, барои ба мақсад расидан аз роҳаш нагашт. Сарфи назар аз камбуди хӯроку пӯшок ҳамоно сабрро пеша мекард.
Падарам коргари соҳаи энергетика ва модарам аз пушти дӯзандагӣ рӯзгор пеш мебурданд. Дар тарбияи се духтару панҷ писар онҳо саҳми арзанда гузоштаанд. Модарам, зани фарҳангӣ, ҳамеша бо мо дарсҳоямонро омода мекард. Мудом моро ба шеъразёдкунӣ талқин менамуду пайваста ба навиштани диктанту иншо ҳидоят мекард, - мегӯяд Дилафрӯз Бобоҷониён.
Пас аз хатми Донишгоҳ муддате дар радиои Тоҷикистон кор кард. Сипас, дар Литсейи касбии техникии ноҳияи Ёвон ба кор пардохт. Дар тули 14 сол то ба вазифаи муовини директор оид ба тарбия расид. Феълан, дар МТМУ № 75 директор аст. Ӯро ҳамчун мутахассиси кордону таҷрибанок эҳтиром мекунанд.
Бо тақозои масъулияти касбӣ ҳуҷҷатҳояшро ба бахши ғоибонаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ супурда, онро бо дипломи олӣ тамом кард. Ҳамзамон, Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ-менеҷмент хатм намуд.
Дар муассисаи таълимие, ки роҳбариашро ба уҳда дорад, 1741 хонанда таҳсил менамояд. Аз 60 нафар омӯзгор 50 нафар зан мебошад. Саҳми бонувон дар ин соҳа зиёдтар буда, фаъолияташон низ назаррасанд. Муҳити созгори ин макони дониш сабаб шуд, ки хонандагон пайваста дар озмунҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ ширкат варзанд.
Баробари роҳбарӣ, ҳамчунин, шогирдонро ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ низ омода месозам. Соли 2023 шогирдам Гесу Сироҷиддинова дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гашт. Ба даст овардани дилхоҳ ҷой заҳматҳои зиёдро талаб менамояд. Соли гузашта як хонандаи синфи 1-ум то даври ниҳоӣ расид. Имсол мекӯшем то ягон ҷойи намоёнро ишғол намоем. Ҳамчунин, шогирдонам дар олимпиадаҳои фаннии сатҳи ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойҳои сазовор гаштаанд.
Шаш нафар омӯзгори мактаб дорандаи нишони Аълочии маориф аст. Шаш нафар гирандаи стипендияи президентӣ ва стипендияи раиси Хатлон дорем, - иброз намуд ҳамсуҳбатам.
Таҷрибаи босамари донишу малака ва усулҳои роҳбарӣ дар ин боргоҳи илму дониш, ӯро ҳамчун мутахассису ташкилотчии кордон шинохта кард.
Соли 2024 ғолиби омӯзгори ифтихории вилояти Хатлон гашт. Дорандаи нишони Аълочии маориф ва Аълочии фарҳанги Тоҷикистон аст. Вай ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон кумакрасони мардум мебошад. Дилафрӯзбону дар ниҳоди шогирдонаш ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ ва садоқат ба Ватану миллатро ҷой мекунад. Дар баробари фарзандони халқ, тавонистааст, ки ҷигарбандони хешро дар руҳияи хештаншиносӣ тарбият намояд.
Фариза аз синни 5 риштаи каратэро пеш гирифт, ману падараш садди роҳаш нашудему мудом дастгириаш мекардем. Дар мусобиқаҳои дохиливу хориҷӣ ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Имсол хатмкунандаи мактаб асту соҳаи ҳуқуқшиносиро пеша карданист. Писарам дар синфи даҳум мехонад. Вай ба футбол рағбати беандоза дорад. Дар дастаи бачагонаи футбол машқ мекунаду дар оянда вай низ ҳуқуқшинос шудан мехоҳад, - гуфт модари мушфиқ.
Ду духтараш муҳассилини мактаби миёна мебошанд, ки дар фарогирии донишҳои зарурӣ пешгому ҷиддианд.
Дар оилаи онҳо дар баробари андӯхтани илму дониш, боз ба ҳунарҳои дастӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.
Модарам кадбонуи хуб ва чевари номӣ буд ва касбомӯзиро ба духтаронаш ҳатмӣ медонист. Дар зиндагӣ ҳолате рух дод, ки ҳангоми таваллуди фарзанд шавҳарам муддате бекор буд, дар зиндагӣ ба мушкилоти иқтисодӣ рӯ ба рӯ шудем. Бо бофтани ҷӯробҳои помирӣ, нимҷӯроб, ҷемпер, шероз ва шарф зиндагиро пеш мебурдам. Аз ин рӯ, дар ҳама давру замон ҳунару ҳунармандӣ инсонро кор меояду ҳунар ҳамеша мақоми хос дорад. Маҳсули дасти ҳунарманд, нишонаи зиндагӣ ва пешравии ҷомеа ҳисоб мешавад, - изҳор дошт бонуи корсолор.
Лаҳзаи хотирмон он буд, ки модараш Садбарг Назруллоеваю падараш нияти сафари хонаи Худо доштанд. вақте падар аз олам гузашт, ба маблағи ҳаҷ дар деҳаашон пули мошингузар сохтанд. Суханони модарро ёд дорад, ки мегуфт: «Ба давлату миллат холисона хизмат карда, баҳри ҷамъият манфиат оранд. Илоҳо ин миллату давлат поянда бод, бо чунин Пешвои муаззам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон».
Дилафрӯз боифтихор иброз намуд, ки баҳри пешравӣ ва болоравии мақоми зан дар ҷомеа Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зиёде андешида, ба донишу фаросат ва қудрати зан эътимод кардаанд…
Мадина БАЛАҶОНОВА,
Душанбе - Ёвон
Мубодила:
Шарҳҳо
